Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ӯротеппа” - пешсафи лигаи аввал дар Суғд


Пешсафи лигаи аввал дар минтақаи Суғд - “Ӯротеппа” - дар даври ҳафтум ба дарвозаи “Спитамен” 10(!) тӯб задааст.

Рӯзҳои 27-29-юми май бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқаи лигаи аввал оид ба футбол дар минтақаи Суғд баргузор шуданд. Ба иттилоъи Рустам Марофиев, муовини раиси федератсияи футболи вилояти Суғд, ин мусобиқа, ки ҳамзамон мусобиқаи қаҳрамонии футболи вилоят маҳсуб мешавад, бо ширкати даҳ даста ҷараён дорад. Дар даври ҳафтум дар ду бозӣ мизбонон ва дар дутоаш меҳмонон ғалаба карданд.

“Ӯротеппа”, пешсафи ҷадвали мусобиқа, ягона дастаест, ки бохт надорад. Дар даври гузашта футболбозони Истаравшан ба дарвозаи дастаи меҳмон – “Спитамен”-и ноҳияи Спитамен 10 тӯб зада, аз дарвозаи худ танҳо як тӯб сар доданд.

Натоиҷи бозиҳои даври ҳафтум чунинанд:
«Зарафшон» (Панҷакент) - «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – 0 - 1
«Ӯротеппа» (Истаравшан) - «Спитамен» (Спитамен) – 10 - 1
«Шаҳристон» (Шаҳристон) - «Эсхата» (Хуҷанд) – 1 - 3
«Канд» (Конибодом) - «Қайроққум» (Қайроққум) – 6 - 3

Дастаҳои “Ӯротеппа” ва “Мастчоҳ” 13-имтиёзӣ доранд. “Ӯротеппа”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо (37-5) дар ҷойи аввал ва “Мастчоҳ” (14-11) дар ҷойи дувум мебошанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Ӯротеппа” 5 4 1 0 375 13
2. «Мастчоҳ» 6 4 1 1 1411 13
3. «Эсхата» 6 4 0 2 145 12
4. «Исфара» 5 3 1 1 12 – 8 10
5. «Зарафшон» 6 3 1 2 9 – 7 10
6. «Пахтакор» 5 2 1 2 7 – 8 7
7. «Шаҳристон» 6 2 0 4 9 – 21 6
8. «Канд» 5 1 1 3 13 – 14 4
9. «Спитамен» 6 0 3 3 5 – 23 3
10 “Қайроққум» 6 0 1 5 6 – 24 1

Нишонзанҳои беҳтарин: Меҳрулло Бобоев – 12 тӯб, Аъзам Ҳусейнов – 11 тӯб, Илҳом Баротов - 7 тӯб (ҳарсе аз «Уротеппа»).

Бозиҳои даври 8-ум
4-уми июн, сешанбе
“Эсхата” – “Канд”
“Спитамен” – Шаҳристон”
5-уми июн, чоршанбе
“Пахтакор” – “Уротеппа”
“Исфара” – “Зарафшон”
XS
SM
MD
LG