Раҳбари иттифоқи касабаи бузургтарин кони тилои Қирғизистон мегӯяд, агар роҳҳои баста ба кони Қумтор боз нашаванд, коргарон нахоҳанд тавонист, ки корро идома диҳанд.
Элдар Тоҷибоев-раиси иттифоқи касабаи коргарони кони тилои Қумтор мегӯяд, миқдори ғизо ва маводи сӯхт фақат барои шаш рӯз кофӣ мебошад.
Рӯзи сешанбе садҳо сокини деҳоти атрофи кон роҳро баста, талаб доранд, ки ширкати Сентераи Канада, ки истихроҷи тилоро бар дӯш дорад, фанновариҳои безарар истифода бурда, барои сокинони маҳаллӣ пойгоҳҳои тиббӣ бунёд намояд.
Дар моҳи феврал парламенти Қирғизистон ба ҳукумати ин кишвар дастур дод, ки дар давоми се моҳ шароити нави истихроҷи тило дар кони Қумторро таҳия ва имзо кунад.