Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хон Саид-муовини нави раҳбари Толибони Покистон


 Валӣ ур-Раҳмон, ки рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст
Валӣ ур-Раҳмон, ки рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи ҳавоӣ кушта шудааст
Тибқи гузоришҳои расида Толибони Покистон ба ҷои Валӣ ур-Раҳмон, ки рӯзи чоршанбе бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ба ҳалокат расид, барои раҳбари Толибони Покистон муовини нав интихоб кардаанд.

Рӯзи панҷшанбе як манбаъ ба Радиои Озодӣ маълумот дод, ки юаъди маросими дафни Валӣ ур-Раҳмон Таҳрики Толибони Покистон Хон Саиди 38-соларо раҳбари рақами 2-и Толибони Покистон интихоб кард. Хон Саид бо лақаби Саҷна машҳур аст.

Гуфта мешавад, ки соли 2011-ум ӯ дар ҳамла болои пойгоҳи нерӯҳои баҳрии Покистон дар шаҳри Карочӣ ва ҳамла болои зиндон дар соли 2012-ум, ки дар натиҷаи он камаш 400 толиб раҳо шудаанд, ширкат кардааст.
XS
SM
MD
LG