Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як узви Тоҷикистони нав гуфт, ки ӯро таҳдид кардаанд


Мавҷуда Соҳибназарова
Мавҷуда Соҳибназарова

Мавҷуда Соҳибназарова, як узви Гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав дар пайи дарёфти нома ва зангҳои таҳдидомез ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат кардааст.

Мавҷуда Соҳибназарова рӯзи 29-уми май ба Озодӣ иддао кард, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ва телефон ба ӯ аз тарафи афроди ношинос таҳдид шудааст, ки аз сафи ин ҳизб хориҷ шуда, аз тариқи матбуот хориҷ шуданаш аз ин гуруҳро эълон намояд.

Хонум Соҳибназарова афзуд, ки аз тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба адреси ӯ номаи анонимӣ омадааст, ки дар он таҳдид шуда, ки дар сурати хориҷ нашуданаш аз ҳизби Тоҷикистони нав, кушта хоҳад шуд. Мавҷуда мегӯяд, ки нафаре ин номаро навиштааст, вазъи хонаводагии ӯро хуб медонад: «Дар нома гуфта шудааст, ки агар аз ҳизб хориҷ нашавам, мурдаи шавҳарамро аз Русия меоранд ва ба ҷони писарам, ки донишҷӯ аст қасд хоҳанд кард, духтарам ва худамро бадном хоҳанд кард.»


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
Линки мустақим


Ба гуфтаи Мавҷуда, рӯзи шанбе як нафар ба ӯ занг зада гуфтааст, ки агар барои шомил шуданаш ба ҳизби Тоҷикистони нав ягон нафар бадахшониро аз Душанбе ба Хоруғ ронанд, аз сад ҷонаш як ҷонаш раҳо нахоҳад шуд. Вай мегӯяд, ки вақте рақами ин занги телефониро ташхис карданд, маълум шуд, ки телефон ба Равшанбек Шоҳтутиев, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ тааллуқ дорад, вале маълум нест ин шахс кист.

Мавҷуда Соҳибназарова меафзояд, ки дирӯз ба Кумитаи амнияти миллӣ муроҷиат намуда ва дар суҳбат бо намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таҳдидҳоро дар миён гузоштааст: «Ман ба намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ гуфтам, ки агар онҳо дастандаркорони занги телефон ва номаи анонимиро фош накунанд, ба ҳамаи созмонҳои байналиаллӣ муроҷиат хоҳам кард.»

Қаблан ҳамчунин номаи анонимӣ ба унвони Зайд Саидов, раҳбари Гурӯҳи ташабускори ҳизби Тоҷикистони нав низ нома расида ӯро таҳдид карда буданд. Ба дунболи ин нома Зайд Саидов аз тарафи мақомоти қудратӣ мавриди таъқиб қарор гирифт ва рӯзи 19 май боздошт шуд.

Мавҷуда Соҳибназарова ба унвони хабарнигор ва таҳлилгари масоили иқтисодӣ дар Радиои Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Баъдан дар вазорати маорифи Тоҷикистон, маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ҳам фаъолият намуда, ҳоло дар маҷалла барои ҷавонони “Истиқбол” (Машъал”-и қаблӣ) кор мекунад.
XS
SM
MD
LG