Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Панҷшер ҳафт бомбгузор кушта шуданд


Дар ҳамлаи ҷангҷӯёни Толиб ба қароргоҳи ҳукумати вилояти Панҷшери Афғонистон ҳафт ҳамлавар ва як маъмури пулис кушта шудаанд. Волии Панҷшер ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чаҳоршанбе як бомбгузори маргталаб худро дар назди идораи ҳукумат тарконда, як афсари пулисро кушт, вале маъмурони амниятӣ 4 бомбгузори дигарро зимни талош барои вуруд ба идора маҳв карданд. Ҳамаи ҳамлаварон дар тан либоси пулис доштаанд. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Панҷшер, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон воқеъ аст, аз амнтарин вилояти Афғонистон маҳсуб мешавад. Чунин ҳамлаҳо дар Панҷшер бисёр кам сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG