Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Академияи мардумӣ дар манзили Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфайёз


Нусхаи глобуси Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфайёз
Нусхаи глобуси Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфайёз

Бо пешниҳоди ворисонаш, манзили ин донишманди маъруфи асри 19 дар Хуҷанд ба Академияи мардумӣ табдил дода мешавад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои бозсозии манзили Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфайёз, ситорашинос ва дорусози маъруфи асри 19, ки ҳудуди 150 сол қабл нигора, макети низоми офтобӣ ва бурҷҳои осмониро сохта буд, 65 ҳазор сомонӣ ихтисос додааст.

Улмас Холов, сармутахассиси шуъбаи фарҳанги Хуҷанд ба Озодӣ гуфт, ин амр ба истиқболи 170- солагии ин донишманди тоҷик аст ва корҳои тармимӣ алакай оғоз ёфтааст.

Хонаи дуошёнаи Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфайёз дар маркази шаҳри Хуҷанд дар номгӯи беш аз 100 ёдгории фарҳангиву меъмории маркази вилояти Суғд шомил аст. Ин манзили қадимиро Муҳаббат Пӯлодова, набераи донишманд ва олими геологи тоҷик ба шарти табдил доданаш ба Академияи илмии мардумӣ дар ихтиёри давлат гузоштааст.

Саид Марофиев, устоди факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, муҳаққиқи зиндагӣ ва осори Ҳоҷӣ Юсуфи Мирфайёз ба Озодӣ гуфт, ки ба нақли сокинони солхӯрда, манзили донишманд дар қарни 19 ва ибтидои асри 20 дар воқеъ як академияи илмии мардумиро мемонд. Дар он ҷо маҳфилҳои илмивуу адабӣ ҷамъ омада, аз илму адаб сӯҳбатҳо меоростаанд. “Аз Ҳоҷӣ Юсуф танҳо рисолае ба унвони “Илм - ул - афлок” боқӣ монда, ки дар он дар бораи сохт ва низоми системаи офтобиву бурҷҳо ва коинот, мушоҳидаҳояш аз гардиши ҷирмҳо, сайёраҳову ситораҳо баҳс шудааст. Ҳамчунин, тарзи омода кардани баъзе доруҳои вайро пайравони мактабаш то ба ҳол идома медиҳанд.”


Аммо ба гуфтаи Саид Марофиев, яке дигар аз муҳимтарин осори донишманди ситорашиноси тоҷик, Ҳоҷӣ Юсуф глобуси рангаи бузург ва даври он офтобу бурҷҳои осмонӣ аст, ки дар охири асри 19 сохта шуда, нусхаи асли он дар осорхонаи таъриху бостоншиносии шаҳри Самарқанд, дар майдони Регистон нигаҳдорӣ мешавад. Як нусхаи ин глобус дар толори марказии осорхонаи бостоншиносии Хуҷанд сохтаву гузошта шудааст.

Ҳамчунин аз ин донишманди ситорашиноси асри 19 - и тоҷик осори хаттие боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи масъулони шӯъбаи фарҳанги Хуҷанд, аммо табдил додани хонаи қадимаи Ҳоҷӣ Юсуф Мирфайёз ба Академияи мардумӣ кору маблағи бузург мехоҳад ва зоҳиран дар соли ояндаи 2014, дар чорчӯби таҷлил аз ҷашни 170-солагии донишманд анҷом хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG