Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваъдаи Душанбеву Бишкек барои ҳалли баҳси марзӣ


Тоҷикистону Қирғизистон созишномаи ҳамкорӣ барои таъйину аломатгузории марзи ду кишварро имзо карданд. Дар ин бора Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон хабар дод. Ӯ, ки дар нишасти хабарии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек сӯҳбат мекард, гуфт, “ҳалли масоили марзие, ки солҳо боз ҷамъ шудаанд, оғоз ёфт.“ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “масоили марзӣ бояд оромонаву санҷида ҳал шаванд.” Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ, ки дар нишасти хабарӣ ҳузор дошт мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин афзудааст, ки “масоили меросмонда аз таърих бояд дар рӯҳияи ҳамкорӣ, созиш, гузаштҳои дутарафа ва ҳифзи манофеъи ҳамдигар” ҳал шаванд ва ду тараф ба дигарон намунаи ҳалли созандаи мушкилотро нишон бидиҳанд. Тоҷикистону Қирғизистон марзи 970 километрӣ доранд ва ҳарду мехоҳанд, қаламравҳои баҳсбарангез бар асоси нақшаҳои дилхоҳи онҳо тақсим шавад. То кунун ду тараф 60 дар сади хати марзро таъин кардаанд, вале 40 дар сади дигари хати марз, ки аз дохили рустоҳо убур мекунад, ҳанӯз ҳам баррасӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG