Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ҳанӯз умедвор аст, ки ТВ-и форсизабон роҳандозӣ мешавад


Сафорати Эрон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки масъалаи бозпас фиристодани таҷҳизоти телевизони муштараки кишварҳои форсизабони «Наврӯз» дар миён нест.

Як намояндаи сафорати Эрон дар Душанбе рӯзи 27 май ба "Озодӣ" гуфт, ки масъалаи бозпасгардондани таҷҳизоти фаннии телевизиони муштараки форсизабонон, ки дар ҳабси Хадамоти гумрукиТоҷикистон мебошад, аслан дар миён нест. Вай хабарҳои расонаҳоро дар хусуси ин, ки Эрон мехоҳад ин таҷҳизотро бозгардонад, беасос хонд.

Ин намояндаи сафорати Эрон ҳанӯз ҳам умедвор аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазорати умури хориҷаи ин кишвар дар ҳали масъалаи таҷҳизоти фаннии телевизон дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард. Сафорати Эрон мегӯянд, ки онҳо сарфи назар аз мушкилоти молиёт, таъсиси телевизони муштараки форсизабон -- "Наврӯз"-ро зарур мешуморанд.

Қаблан Абдураҳим Умариён, сухангӯи Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба "Озодӣ" гуфта буд, ин таҷҳизот феълан дар анбори терминали гумруки Душанбе нигаҳдорӣ мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Умаров, ин миқдори бор аз роҳи замин вориди Тоҷикистон шуда ва дар анбори нигоҳдории муваққатии терминали Душанбе маҳфуз аст. Вале ҳанӯз санадҳои зарурии таҷҳизоти мазкур омода карда нашудааст.

Ба қавли Абдураҳим Умаров, тибқи моддаи 321 кодекси гумруки Тоҷикистон, агар таҷҳизоти мазкур мустақиман ба корпуси дипломатӣ, яъне ба сафорати Эрон тааллуқ дошта бошад, бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон дохил карда мешавад. Вале агар ин таҷҳизотро сафорат истифода накунад, сарфи назар аз андозаи боҷи гумрукӣ, молиёт ба таври ҳатмӣ пардохт хоҳад шуд.

Сарони Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон ҳанӯз дар соли 2006-ум ҷиҳати таъсиси чунин шабакаи телевизиони форсизабон бо номи "Наврӯз" тавофуқ карда буданд.
XS
SM
MD
LG