Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Бишкек рафт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи душанбе ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Бишкек -пойтахти Қирғизистон рафт. Тибқи иттилои Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохҳон Зарифӣ, мушовири давлати оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, котиби Шӯрои амният Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири нақлиёт Низом Ҳакимов, вазири мелиоратсия ва захираҳои об Раҳмат Бобокалонов, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ Маҳмадтоир Зокиров, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Хайридин Абдураҳимов, президенти академияи илмҳои Тоҷикистон Мамадшо Илолов, сардори Хадамоти гумрук Гурез Зарипов, сардори Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, Фармондеҳи қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Шералӣ Мирзо ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Бишкек бо ҳамтои русаш Владимир Путин як мулоқоти алоҳида хоҳад кард. Дар чаҳорчӯби ин сафар мулоқоти ӯ бо Алмосбек Отамбоев ва имзои чанд санади ҳамкорӣ байни Душанбеву Бишкек низ дар назар гирифта шудааст. Ин нахустин мулоқоти рӯбарӯи Раҳмон ва Отамбоев баъди таниши рӯзи 27 апрел дар атрофи ҷазирақаламрави Ворухи ноҳияи Исфара аст ва интизор меравад, як мавзӯъи аслии матруҳа дар ин дидор мушкилоти марзии ду кишвар, аз ҷумла масъалаи Ворух шавад.
XS
SM
MD
LG