Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар Қазоқистон пароканда шуд


Полиси Қазоқистон дар шаҳри Остона даҳҳо эътирозгарро, ки гуруснанишинӣ эълон кардаанд, боздошт намуд.

Эътирозро афроде ташкил кардаанд, ки барои харидории манзили зист аз бонкҳо қарз гирифта, ҳоло зери фишори бонкҳо қарор доранд.

Дар эътирози дастаҷаъмии назди бинои ҳукумати Қазоқистон сокинони тамоми гӯшаҳои ин кишвар ҳузур доштанд. То дахолати полис ин чорабинӣ ҳамагӣ 20 дақиқа давом кард.

Аслан эътирози соҳибони хонаҳо рӯзи сешанбеи гузашта оғоз ёфта буд ва дар ин байн як рӯзноманигор ва чанд тан аз ташкилкунандагони эътироз ба муддати якчанд рӯз аз озодӣ маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG