Баъди гирдиҳамоии эътирозӣ бар муқобили қабули қонуни Фаронса дар бораи оилаҳои ҳамҷинсгароён ва имкони фарзандхонии оилаҳои ҳамҷинсгаро дар пойтахти Фаронса тахминан 100 нафар боздошт шуданд.
Полис мегӯяд, дар гирдиҳамоии рӯзи якшанбе дар маркази Париж наздик ба 150 ҳазор нафар ҳузур доштанд, вале ташкилкунандагони эътироз исрор меварзанд, ки дар ин чорабинӣ шумори бештари мардум ширкат кардаанд.
Эътирозро гурӯҳҳое ташкил карда буданд, ки худро тарафдори оиладории анъанавӣ меноманд. Гирдиҳамоӣ ба таври сулҳомез оғоз ёфт, вале тибқи гузоришҳо гурӯҳҳои ростгаро бо полис бархӯрд ташкил карданду полис дар ҷавоб аз гази ашковар истифода бурд.
Моҳи равон президенти Фаронса дар қонуне имзо гузошт, ки бунёди оилаҳои ҳамҷинсгароёнро иҷозат медиҳад.