Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтиёриёни ироқӣ дар ду тарафи ҷабҳаи Сурия


Ҷангҷӯёни довталаби ироқӣ вориди Сурия мешаванд ва ба ҳарду тарафи ҷангандаи ин кишвар мепайванданд.Ин ҳолат хатареро ба миён овардааст, ки ҷанги байниҳамии онҳо дар Сурия оқибат ҳамроҳашон ба Ироқ хоҳад баргашт.

Касе дақиқан намедонад, ки чӣ теъдоде аз ихтиёриёни ироқӣ дар низои Сурия ширкат мекунанд. Аммо, зоҳиран ин шумора ба андозае бузург аст, ки маҷрои ҳамарӯзаи тобутҳо аз Сурияро таъмин кунад.

Дар яке аз ин тобутҳо, сокини 26-солаи Басра, Зиё Муташшар Гатиъе ал-Исавӣ ба ватанаш баргашт. Вай рӯзи 2-юми май дар ҷанги зидди мухолифони ҳукумати Сурия кушта шуд. Чӣ хел вай ба Сурия рафт, маълум нест, аммо дар расми дафнаш ошкоро гуфта мешуд, ки дар дифоъ аз мазори шиъагон дар Сурия ба ҳалокат расидааст. Бародари ӯ, Мустафо Муташшар мегӯяд: "Вай гуфта буд, ки мехоҳад, барои мазори Саида Зайнаб шаҳид шавад ва мо фахр мекунем, ки ӯ шаҳид шуд, зеро мо шиъа ҳастем. Ҷанозаи ӯ аз Шаламча то ин ҷо идома ва аз дафтари Саид дар он намоянда ширкат кард.”

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Мазори Зайнаб ба духтари ҳазрати Алӣ нисбат дода мешавад ва барои тамоми аҳли шиъа муқаддас ба шумор меравад. Манзур аз “дафтари Саид” рӯҳонии шиъа Муқтадо Садр аст, ки гуфта мешавад, “Артиши Маҳдӣ”-и ӯ ва баъзе гурӯҳҳои дигар, монанди Ҳизбуллоҳи Ироқ ва “Асоиб Алҳул-Ҳақ” ихтиёриёнро ба Сурия мефиристанд.

Қатори тобутҳо аз Сурия ба вилояти Анбар, ки қалъаи тасаннун ба шумор меравад, низ мерасад. Аммо инҳо касоне ҳастанд, ки дар сафи мухолифони суннимазҳаби режими Сурия ҷангида ва кушта шудаанд.

Шайх Муҳаммад ал-Ҳайис, намояндаи расмии созмони “Писарони Ироқ” аст. Дар авҷи хушунатҳои байнимазҳабӣ, ки ал-Қоида дар соли 2007 дар Ироқ роҳандозӣ кард, ин созмон ба шикасти маъракаи ал-Қоида мусоадат ва суботро дар минтақаҳои суннинишин барқарор намуд. Вай мегӯяд, ҳоло ал-Қоида ҷавонони ироқиро ба Сурия мехонад ва расми дафни сунниҳое, ки дар Сурия кушта мешаванд, бо эҳтиёт анҷом мегирад, то диққати ҳукумати асосан шиъаи Ироқро ба ин минтақа ҷалб накунад.

Ширкати ихтиёрони ироқӣ дар ҷанги Сурия бисёриҳоро нигарон кардааст, ки оқибат ин кашокаш ба Ироқ мекӯчад ва сулҳи ҳассосии байнимазҳабиро дар ин ҷо баҳам мезанад.

Иброҳим ал-Сумайдайӣ, коршиноси масъалаҳои сиёсӣ дар Бағдод мегӯяд, аксари гуруҳҳое, ки ихтиёриёнро ба Сурия мефиристанд, ҷанги Сурияро арсаи рақобати суннӣ ва шиъа мешуморанд. Ба ақидаи ӯ, агар ҳукумати Ироқ аз ширкати ироқиҳо дар ин ҷанг пешгирӣ накунад, задухӯрди онҳо дар Ироқ идома пайдо хоҳад кард: "Ин муҳорибаи ду мазҳаби суннӣ ва шиъа аст. Ду тараф, ду урдуст, ки якҷо бо кишварҳои халиҷу Туркия зидди Эрон сангар гирифтаанд. Ҳисси ман ин аст, ки чунин вазъ ба соиш дар дохили Ироқ сабаб мегардад. Онҳое, ки дар ду тарафи ҷаҳба, яке бо сунниҳо ва дигаре бо шиъаҳо ҷангидаанд, бо ҳамон шӯру шар метавонанд, хушунатро ба ҷомеаи ироқӣ кашонанд. Ин як хатари афзояндаест, ки то ҳол ҳукумат дар муқобилаш танҳо чораҳои заиферо пеш гузоштааст.”

Таҷрибаи чанд соли охири Ироқ нишон додааст, ки хушунатҳои байнимазҳабӣ хеле зуд метавонанд ба нерӯҳои амниятии ин кишвар ва дар ин замина ба ҳизбҳои сиёсии он сироят кунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки ҳукумати Ироқ натавонистааст, дар халъи силоҳи гурӯҳҳои зиёди мусаллаҳ муваффақ гардад. Бомбгузориҳо, ки гоҳе минтақаҳои шиъа ва гоҳи дигар шаҳру рустои сунниҳоро такон медиҳанд, танҳо дар ҳафтаи гузашта 90 кушта ба ҷой гузоштанд ва поёни онҳо дида намешавад. Пас, ин хулоса, ки таҷрибаи ихтиёриёни ироқӣ дар Сурия метавонад, дар Ироқ низ ба кор равад ва Ироқро ба Сурияи дувум табдил диҳад, аз эҳтимол дур буда наметавонад.
XS
SM
MD
LG