Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабхон дар ... артиш


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Ҷалби чанд ҷавони синфи 11 ба сафи артиш боиси баланд шудани сару садоҳо миёни сокинони Исфара шудааст.

Бо дархости падари яке аз чунин ҷавонон, ки мегӯяд, мақомот ба фарзандаш имкони хатми мактаби миёнаро надоданд, Озодӣ ин мавзуъро пайгирӣ кард.

Дар ҳоле, ки ҳамсинфони Муҳаммадалӣ Ҳусейнзода аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара паси мизҳои мактабӣ ба имтиҳонҳои хатм омодагӣ мебинанд, вай тӯли 2 ҳафта дар бар либоси сарбозӣ дар шаҳри Душанбе хидмати ҳарбиро адо мекунад.


лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00
Линки мустақим


Падари ин ҷавон Ҳусейн Ғайбуллоев ба дафтари Озодӣ дар Хуҷанд занг зад ва гуфт, кормандони комиссариати низомӣ ба ҳамдастии пулиси нозири маҳаллӣ писарашро нимашаби 6 – ум ба 7 – уми май аз ҷойи хобаш дастгир карда, иҷборан ба хидмат фиристоданд. Вай афзуд: “Онҳо 10 - 12 нафар буданд. Ба ҳарфҳои ман, ки писарам ҳанӯз мактабхон асту ҳамин рӯз дар мактаб буд, гӯш надоданд, вайро бо худ ба комиссариати ҳарбии Исфара бурданд, рӯзи 7 - уми май ба Хуҷанд ва аз он ҷо ба Душанбе, ба сафи Артиш равон карданд.”

Мусоҳибам афзуд, ҳамин тавр ду ҳамсинфи писарашро низ кормандони комиссариати ҳарбӣ ба хидмат ҷалб кардаанд. Ба гуфтаи вай, Муҳаммадалӣ дар сар фикри сарпечӣ аз хидмати ҳарбӣ надошт, балки ҳамроҳи чанд ҳамсинфаш орзу дошт, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ барои адои хидмат равад. Аммо баъди хатми мактаби миёна ва ба даст гирифтани Номаи камол: “Як рафиқаш аз Русия занг зада, писарамро наздаш барои кор даъват мекард. Аммо Муҳаммадалӣ қабул накарда мегуфт, ки агар равад ҳам, баъди адои хидмат меравад.”

Ҳусейн Ғайбуллоев аз ин кори ба назари вай, “ғайриқонунӣ “ - и кормандони комиссариати ҳарбӣ ба додситонии Исфара шикоят бурдааст.

Шарҳи комиссариати ҳарбии Исфара

Вале комиссари ҳарбии шаҳри Исфара Зиннатшо Шарифов дар посух ба саволи Озодӣ, ки чаро хонандаи мактабро ба сафи артиш бурдаанд, гуфт, ин даъвои падари Муҳаммадалӣ Ҳусейнзода асос надорад. Чунки фарзандаш қабл аз замони даъват бо фармони мудир аз мактаб хориҷ карда шуда, нусхаи ҳуҷҷатҳо ба комисариати ҳарбӣ низ пешниҳод шудааст.

Вай афзуд: “Дар ҳақиқат мо мутобиқи қонун ҳуқуқ надорем талабаи мактаби миёнаро ба сафи Артиш фиристем. Агар чунин кунем ҳам, вайро комиссияи вилоятӣ дар асоси арзи шифоҳиаш ҳам бошад, бозмегардонад. Мо ин масъаларо аниқ таҳқиқ кардем, ки номбурда вақти даъват мактабхон набуд.”

Идораи маориф чӣ мегӯяд?

Аз Муҷиба Ҷаъфарова, мудири идораи маорифи шаҳри Исфара пурсидам, оё аз ҳодисаи ҷалби хатмкунандаҳояш ба сафи артиш хабар дорад? Вай гуфт: “Ман аз сару садоҳо атрофи ин ҳодиса барвақт хабар дорам. Чунки рӯзи 14 – ум ё 24 - уми апрел буд, ҳоло аниқ ёдам нест, директори мактаб нусхаи қарори Шӯрои муаллимону фармонашро дар бораи хориҷ кардани Муҳаммадалӣ Ҳусейнзода аз мактаб ба идораи маориф дастрас намуда буд. Чаро падари вай ба мо муроҷиат накарданд? Ҳол он, ки аз прокуратураи Исфара ва аз прокуратураи ҳарбӣ ба ман дар ин бора занг заданд ва ман нусхаи қарору фармони мактабро рӯйи мизам омода карда мондам. Мутобиқи он фармон, на танҳо вай, балки ҳудуди 13 хонандаи дигар низ ба сабаби беш аз 45 рӯз ”ба дарсҳо ҳозир нашудан аз мактаб хориҷ карда шудаанд. Лекин синни баъзеи онҳо ба 18 ҳанӯз нарасидааст.”

Хонум Ҷаъфарова афзуд, мувофиқи низомномаи муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, раҳбарияти мактабҳо ҳақ доранд талабаҳои то синфи 9-ро, ки 45 рӯз ба дарс ҳозир нашуда ва пайваста қоидаҳои талабагиро вайрон мекунанд, ба марҳилаи баъдӣ нагузаронанд ва агар талаба хатмкунанда бошад, аз мактаб хориҷ кунанд.

“Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф” танҳо таҳсили талабагон то синфи 9 – ро ҳатмӣ меҳисобад. Ба гуфтаи хонум Ҷаъфарова, чандин ҷавони аз мактаб хориҷгашта, мисли Муҳаммадалӣ ба сафи артиш ҷалб шудаанд. Ба гуфтаи вай афзун бар ин 10 -12 нафар талабаи синни 18-ро пуркарда довталабона ва ризояти хаттии волидайн ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд. Яьне, талабаҳои мактаб низ метавонанд ба хости худ ба хидмати ҳарбӣ бираванд.

Вале падари талабаи сарбоз қабул надорад ...

Аммо Ҳусейн Ғайбуллоев ин ҳама далелҳоро “таҳмилӣ” аз сӯи мақомот ва “бепоя” меномад: «Ин чӣ хел аз мактаб хориҷ кардан, ки ҳамон рӯзе, ки шабаш писарамро ба Артиш бурданд, вай дарс хонда омада буд. Рӯзҳои пештар ҳам. Инро ҳамсинфону муаллимонаш медиданд, аммо чаро ягон кас ба мо чизе нагуфт. Агар пештар мегуфтанд, ки писарамро аз мактаб хориҷ кардаанд, ман ҳозир ба ҷое даъво намебурдам.» Вай афзуд, ҳоло мунтазири анҷоми таҳқиқи шикояташ аз сӯи додситонии Исфара аст.
XS
SM
MD
LG