Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Имрӯз – бозии “Хайр” – “Равшан” дар Ваҳдат


Имрӯз, 22-юми май бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – “Хайр”-и Ваҳдат ва “Равшан”-и Кӯлоб баргузор мешавад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат соати 17 оғоз меёбад. Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Равшан” бо 15 имтиёз дар ҷойи дувум ва тими «Хайр бо 8 имтиёз дар зинаи панҷум қарор доранд.

Рақибони аслии дастаи “Равшан” барои унвони қаҳрамони Тоҷикистон - дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бо 18 имтиёз дар ҷойи аввал ва тими “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 13 имтиёз дар ҷойи севум мебошанд.

“Истиқлол” дар даври 8-уми мусобиқот рӯзи 26-уми май дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бо ССКА “Помир”-и Душанбе рақобат мекунад. Дарвоқеъ, ҳамлагари 30-сола Юҷин Сепуйя, легионери африқоии «Истиқлол» аз Уганда, ки дар бозии гузаштаи “Истиқлол” дар сафар бо тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар ҷаримагоҳи мизбонон бо рақибаш Комрони Мирзохон бархӯрд ва дар натиҷа ҷароҳати сахт бардошт, рӯзи сешанбе, 21-уми май дар Маркази миллии тиббии шаҳри Душанбе ҷарроҳӣ шуд.

Комрони Мирзохон, бозигари "Парвоз" аз Юҷин Сепуйя аёдат намуд.
Комрони Мирзохон, бозигари "Парвоз" аз Юҷин Сепуйя аёдат намуд.
Ба гуфтаи Фаррух Авезов, духтури дастаи “Истиқлол”, дар натиҷаи ин бархӯрд устухони соқи пойи чапи Юҷин Сепуйя шикастааст. Ҷарроҳӣ бомуваффақият гузашт ва баъди ду ҳафта Юҷин аз беморхона ҷавоб дода мешавад. Вале барои комилан сиҳат шуданаш якчанд моҳ зарур аст.

Юҷин Сепуйя ба сомонаи бошгоҳи футболи “Истиқлол” чунин гуфтааст: “ман аз бозигари “Парвоз” Комрони Мирзохон ҳеҷ гуна кинаву ранҷиш надорам, ин як ҳодисаи тасодуфӣ буд. Дар футбол ҳеҷ кас аз ин эмин нест. Комрон яке аз аввалинҳо шуда, ба аёдати ман ба беморхона омад. Мо ҳамроҳ (20-уми май) суҳбат доштем ва ӯ мехоҳад, ки ман ҳарчи тезтар шифо ёбам. Ба ҳамаи онҳое, ки маро дар ин рӯзҳои вазнин дастгирӣ карданд, ба роҳбарону футболбозони дастаи “Истиқлол”, футболбозони дастаҳои “Парвоз”, “Хуҷанд” ва мухлисон изҳори сипос мекунам. Аз чунин дастгирӣ хушҳол шудам ва кӯшиш мекунам, ки ҳарчи тезтар шифо ёфта, ба майдон оям.”

Дастаи “Регар-ТадАЗ” 25-уми май дар Душанбе бо тими “Энергетик” рӯбарӯ мешавад. Инчунин рӯзи шанбе дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа бозии дигари даври 8-уми мусобиқот миёни дастаҳои “Вахш” ва “Истаравшан” барпо мегардад. Дар бозии охирини даври 8-ум рӯзи якшанбе дастаи “Хайр” дар майдони худ бо тими “Парвоз” қувваозмоӣ хоҳад кард.


Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ

Бозии мавқуфгузоштаи даври 1-ум
22-юми май, чоршанбе. Оғози бозӣ – соати 17.00.

«ХАЙР» - «РАВШАН». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

Бозиҳои даври 8-ум
25-уми май, шанбе. Оғози бозиҳосоати 17.00

«ВАХШ» - «ИСТАРАВШАН». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

«ЭНЕРГЕТИК» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).


26-уми май, якшанбе. Оғози бозӣсоати 17.00

«ИСТИҚЛОЛ» - ССКА «ПОМИР». Душанбе, майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ. Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа).

«ХАЙР» - «ПАРВОЗ». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 6 6 0 0 20-4 18
2. «Равшан» (Кӯлоб) 5 5 0 0 11-2 15
3. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 6 4 1 1 11-7 13
4. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 7 3 1 3 5-8 10
5. «Хайр» (Ваҳдат) 5 2 2 1 6-5 8
6. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 6 2 2 2 5-4 8
7. ССКА «Помир» (Душанбе) 6 1 3 2 4-3 6
8. «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
9. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 7 1 2 4 3-8 5
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 6 0 2 4 3-10 2
11. «Панҷшер» (Румӣ) 6 0 1 5 5-19 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Комил Саидов («Регар-ТадАЗ»), Юҷин Сепуйя («Истиқлол»), Нуъмонҷон Ҳакимов (“Равшан”) – 3-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG