Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъули лату кӯби хабарнигорон дар Киев ҳабс шуд


Ҳамла болоирӯзноманигорон дар Киев ( 18-уми майи 2013)
Ҳамла болоирӯзноманигорон дар Киев ( 18-уми майи 2013)
Дар Украина як мард бо иттиҳоми лату кӯби ду хабарнигор дар гирдиҳамоии рӯзи шанбе боздошт шудааст.

Рӯзи сешанбе вазири умури дохилии Украина Виталий Захарченко дар ҷаласаи парламенти ин кишвар гуфт, ки Вадим Титушко бо авбошӣ айбдор дониста мешавад.

Рӯзи шанбе як дастаи мардони бозуманд ба гирдиҳамоии мухолифин дар шаҳри Киев ҳамла карда, чанд фаъоли мухолифин ва аз ҷумла ду хабарнигор: Олҳа Снитсарчук ва Вадим Соделро лату кӯб кард.

Рӯзи душанбе дар Киев даҳҳо хабарнигор эътирози дастаҷамъӣ ташкил намуда, талаб карданд, ки масъулони ҳамла ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Ба гуфти рӯзноманигорон қабл аз ҳамла болои мухолифин Титушко дар гиридиҳамоии тарафдорони ҳукумат ширкат дошт.

Намояндагони мухолифин дар парламент аз полис талаб карданд, нодидагирии ҳамла болои мухолифинро шарҳ диҳад. Кумитаи ҳимоят аз хабарнигорон ва ҳамчунон Созмони Хонаи Озодӣ аз мақомоти Украина тқозо кардаанд, ки ҳамла болои рӯзноманигорон ба таври муфассал таҳқиқ шавад.
XS
SM
MD
LG