Пайвандҳои дастрасӣ

Амалиёти зиддитеррористӣ дар Ингушистон


Гашти афсарони вазорати умури дохилӣ дар Назрани Ингушистон
Нерӯҳои амниятии Русия мегӯянд, дар ҷумҳурии Ингушистони Қафқози Шимолӣ ду фарди муттаҳам бо ҷангҷӯӣ кушта шуданд.

Рӯзи сешанбе Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ин ду нафар дар ҷараёни амалиёти зиддитеррористӣ дар шаҳри Назран ба ҳалокат расидаанд.

Ба қавли ҳамин манбаъ кушташудаҳо сокинони Ингушистон -Ҷамоллайл Муталиеви 32-сола ва Алихон Оздоеви 27-сола мебошанд.

Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, яке аз кушташудаҳо бо терроризм гумонбар дониста шудааст.
XS
SM
MD
LG