Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 афсари афғон дар Ҳирот


Мансабдорони афғон мегӯянд, дар вилояти ғарбии Ҳирот бомбаи канори роҳ камаш шаш афсари полисро ба ҳалокат расонд.

Афсарон ба воҳиди махсуси нерӯҳои ҳукуматӣ марбут буданд, ки амнияти корвонҳо, гурӯҳҳои кумакрасон ва иншооти аз тарафи хориҷиён маблағгузоришударо ҳимоят менамояд.

Афсарони кушташуда нерӯгоҳи обу барқи Салмаи Ҳиротро, ки аз тарафи Ҳиндустон сохта мешавад, ҳимоят мекарданд. Таркиши рӯзи сешанбе чунон нерӯманд будааст, ки ҳамаи сарнишинони мошин ба ҳалокат расиданд.

Ягон гурӯҳ масъулияти ҳамларо бар дӯш нагирифтааст, вале одатан Толибон, ки бо нерӯҳои ҳукумати Афғонистон ва сарбозони нерӯҳои байналмилалии мустақар дар ин кишвар даст ба гиребон ҳастанд, масъули ҳамлаҳои шабеҳ номида шудаанд.
XS
SM
MD
LG