Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марҳилаи ниҳоии размоиши Хоруғ ба анҷом расид


Машқи низомии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷиистон дар Бадахшон ба поён расид. Рӯзи душанбе бо ҳузури вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва раиси ҳукумати вилояти Бадахшон Қодир Қосимов размоиши неруҳои мусаллаҳи Вазорати дифои Тоҷикистон ҷамъбаст гардид. Ин машқи низомӣ тайи ду ҳафтаи ахир идома дошт ва дар тамрингоҳи «Шитошош»-и маҳалли Поршинев, 5- километрии Хоруғ сурат гирифт.

Фаридун Маҳмадалиев, сардори Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 20-уми май ба «Озодӣ» гуфт, ки дар иртибот ба ҷамъбасти ин размоиш дар ҳукумати вилояти Бадахшон як нишаст бо ширкати вазири дифоъ баргузор гардид ва ба марҳилаҳои ин машқи низомӣ баҳои муносиб дода шуд.

Тӯли ин ду ҳафта, нерӯҳои вазорати дифоъ ба ҳадафи аслӣ, ки ҳамоҳангӣ ва омодабоши ҷузву томҳои вазорати дифои кишвар барои муқобила бо таҳдидҳои эҳтимолии берунӣ дар шароити кӯҳистон ба шумор мерафт, тамринҳо иҷро карданд. Пас аз амалиёти тобистони соли гузашта алайҳи гуруҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ, ки ҳудуди 70 кушта ба ҷо гузошт, ин нахустин машқи низомии густарда ва фарогир буд, ки дар Бадахшон сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG