Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи бозиҳои даври севуми лигаи аввали Тоҷикистон


Рӯзҳои 18-19-уми май бозиҳои даври севуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.

Дар як бозӣ мизбонон ғалаба карданд. “Саройкамар”-и Панҷ ба дарвозаи дастаи меҳмон – РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе ду голи беҷавоб зад. Дар ду бозии дигар меҳмонон пирӯз шуданд. “Нури Норак”-и Норак бар “Пахтакор”-и Қубодиён ва “Ҳулбук”-и Восеъ бар “Бохтар”-и Бохтар бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғалаба карданд.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) бозии даври севум миёни дастаҳои “Локомотив”-и Душанбе ва “Кӯктош-С”-и Рӯдакӣ баргузор нашуд. Ба дастаи мизбон - “Локомотив” ба иллати напардохтани маблағи ҳаққи ширкат дар мусобиқот, ФФТ иҷоза надод, ки ин бозиро баргузор кунад. Бар асоси низомномаи мусобиқот “Локомотив” бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб ва “Кӯктош” бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуданд.

Масъалаи иштироки минбаъдаи дастаи “Локомотив” дар мусобиқаи лигаи аввал рӯзҳои наздик дар ФФТ баррасӣ хоҳад шуд.

Натоиҷи бозиҳои даври 3-юм:

«Саройкамар» (Саройкамар)- РТСУ (Душанбе) – 2-0
«Пахтакор» (Қубодиён) - «Нури Норак» (Норак) – 0:1
«Локомотив» (Душанбе) - «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) – 0-3 (техникӣ)
«Бохтар» (Бохтар) - «Ҳулбук» (Восеъ) – 0:1

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) ва «Ҳулбук» (Восеъ) бо 9-имтиёзӣ пешсафанд.

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 3 0 0 92 9
2. «Ҳулбук» (Восеъ) 3 3 0 0 93 9
3. «Нури Норак» (Норак) 3 2 1 0 3– 1 7
4. «Саройкамар» (Панҷ) 2 1 1 0 3 – 1 4
5 “Бохтар» (Бохтар) 2 1 0 1 3 – 4 3
6. Р Т С У (Душанбе) 2 1 0 1 1– 2 3
7. «Ҳосилот» (Фархор) 2 0 0 2 1 – 3 0
8. «Пахтакор» (Қубодиён) 3 0 0 3 3 – 8 0
9. «Локомотив» (Душанбе) 3 0 0 3 3 – 11 0

Голзанҳои беҳтарин: Холматов Зоир («Ҳулбук») - 4 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”), Козимов Некрӯз («Нури Норак»)- 3-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 4-ум
25-уми май (шанбе), соати 17.00
РТСУ – «Ҳулбук»
«Кӯктош-С» - «Бохтар»

26-уми май кшанбе), соати 17.00
«Нури Норак» - «Локомотив»
«Саройкамар» - «Ҳосилот»

Шарҳҳоро бинед (2)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG