Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори украинӣ дар марзи Тоҷикистону Чин чӣ дид?


Руслан Ярмолюк, хабарнигори украинӣ
Руслан Ярмолюк, хабарнигори украинӣ

Як хабарнигори украинӣ таассуроташ аз сафар ба марзи Тоҷикистону Чинро дар гуфтугӯе бо Радиои Озодӣ қисса кард.

Шореҳи хабарии ширкати телевизионии укроинии «Интер» Руслан Ярмолюк, ки аз марзи Тоҷикистону Чин дидан кард, мегӯяд, дар собиқ ҳудуди Тоҷикистон, ки акнун ба Чин тааллуқ гирифтааст, трактор ва эксваторҳоро машғули кор дарёфтааст.

Сокинони маҳалли Рангкӯли ноҳияи Мурғоб ба хабарнигор гуфтанд, ки техникаи сохтмонӣ дар назди марз аз аввали моҳи май ба ин сӯ фаъол шудааст. Ба бовари шореҳи телевизонӣ, эҳтимол меравад, ки дар ин ҳудуд чиниҳо, роҳ ва шабакаи мухобиротии наздимарзӣ месозанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00
Линки мустақим



Руслан Ярмолюк аз ҳузури низомиёни Чин дар марз дараке наёфтааст, аммо сокинони Рангкӯл гуфтанд, ки низомиёни чинӣ соли гузашта, ба дунболи поён ёфтани маросими расмии таъини хати нави марз байни Тоҷикистону Чин дар марз пайдо шуда, бо ҷалби техника дар ҳудуде, ки қаблан ба Тоҷикистон тааллуқ дошт, муддате корҳои иктишофӣ- геологӣ ҳам бурдаанд.

Эркин Абдуқодиров, раиси ҷамоати деҳоти Рангкӯл ба хабарнигор гуфтааст, ки бо таъйини хати нави марз рангкӯлиён аз беҳтарин чарогоҳҳояшон, ки тобистону зимистон дар он ҷо чорвояшонро парво мекарданд, маҳрум шуданд. Ба гуфтаи сокининон, маҳалле, ки ба Чин дода шудаст, ҳамчунин аз тилло, сангҳои қиматбаҳо, намак ва рустаниҳои нодири шифобахш бой будааст. Рангкӯлиён шикоят кардаанд, ки чорвопарварӣ соҳаи асосии даромади онҳо буда, бо маҳрум гаштан аз чорогоҳ даромади молиявиашон рӯз-то рӯз коҳиш меёбад, вале онҳо ба ин маҳал одат карда, ба ҷойи дигар кӯчидан намехоҳанд.

Дар ҳамин ҳол бархе аз сокинон нигарон ҳастанд, ки агар Тоҷикистон дар як маврид ба гузашти қисмате аз ҳудуди худ ба нафъи ба кишвари ҳамҷавор ризоият додааст, ҳеҷ кас кафолат намедиҳад, ки чунин таҷруба дар оянда бори дигар такрор намешавад. Қаблан олимони тоҷик дар васоити ахбори омма изҳори нигаронӣ карданд, ки Чин ба яке аз шарикони асосии тиҷоратӣ ва қарздиҳандаи Тоҷикистон табдил шуда, дар сурати заъиф шудани имконияти баргардони қарз метавонад, қартаи ҳудудиро бар ивази бахшиши қарз пеш гузорад.

Ба гуфтаи сокинон, дар марзбанди қаблӣ ҳукумат ба далели ин, ки баҳси марзӣ ҳанӯз аз даврони шӯравӣ мерос мондааст ва Чин ба ҳудуди бештаре даъво дошту ба камтар аз он розӣ шуд, афкори оммаро ором карданд.Аммо дар сурати пеш омадани чунин қарта дар оянда он ба мухолифати шадиди мардум, ки тамомияти арзии Тоҷикистонро дахлнопазир мешуморанд, рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи раиси ҷамоати деҳоти Рангкӯл, бар асари марзбандӣ танҳо ин ҷамоат 200 километри мураббаъро аз даст додааст. Гуфта мешавад, ки тибқи санади баимзорасондаи Эмомалӣ Раҳмон ва раиси ҳукумати Чин дар соли 2001-ум дар Пекин ҳудуди як ҳазор километри мураббаъи хоки Тоҷикистон ба Чин гузашт. Дар ҳамин ҳол бархе аз таҳлилгарон гуфтанд, ки гӯё ҳудуи бештаре аз 1000 киломери мураббаъ ба ихитёри Чин дода шудаст.

Аммо як афсари мустаъфии хадамоти марзбонии тоҷик , ки солиёни зиёд дар марзи Тоҷикистон бо Чин хизмат кардааст, гуфт, дақиқ нест, ки оё ба Чин ҳудуди зиёдтар аз 1000 киломери мураббаъ дода шудааст ва ё камтар. Вале агар дар Қирғизистон ба Чин ҳудуди байни симхорҳои дутарафа, ки дар давраи шӯравӣ дар ҳудуди ба шӯравӣ тааалуқдошта сохта шуда, шартан «хати нейтрал» номида мешуд, дода шуда бошад, дар Тоҷикистон дар баъзе маҳалҳо хати нави марз аз ҳудуди симхори дутараф а берун мебарояд. Ба гуфтааш, барои мисол, дар маҳалли Рангкӯл хатти нави марз аз назди манораи дидбонгоҳи марзӣ мегузарад, ки қаблан ҳудуди дидбонгоҳ шумурда мешуд.

Ба фикри сокини Хоруғ ва таҳлилгари масоили сиёсӣ Акобиршо Парпишоев, баргузории размоиши ҳарбии ҷузву томҳои вазорати дифоъи Тоҷикистон дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, ки қаблан гуфта мешуд, дар наздикии марз бо Чин мегузарад, боиси баланд шудани сару садоҳо дар бораи интиқоли нерӯҳои низомии чинӣ ба хати марз бо Тоҷикистон дар бархе аз васоити ахбори омма шудааст. Аммо мақомот баъдан гуфтанд, ки ин машқҳо дар тамрингоҳи Поршнев доир мешавад, на дар наздикии марзи Чин.

Ба гуфтаи таҳлилгар Парпишоев, агар Чин фаразан ба намоиши қудрати низомӣ дар назди соҳилҳои Ҷопон ҳавасманд бошад, дар Осиёи Марказӣ баръакс кӯшиш мекунад, ки ҳузури низомиашро ошкор насозад. Зеро Осиёи Марказӣ ба бозори калони тиҷоратии Чин табдил шудааст ва Чин дар ин ҷо фишанги тавонои иқтисодиро дар даст дошта, ба ҳузури низомӣ дар марз ниёз надорад.

Хабарнигори телевизионии укроинӣ мегӯяд, ки вазъи иҷтимоии сокинони наздимарзии Тоҷикистонро бо Чинро вазнин дарёфтааст.
XS
SM
MD
LG