Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муштзани тоҷик дар ИМА дувум шуд


Муштзани тоҷик Баҳодур Каримов дар мусобиқаи Golden Gloves дар Ню-Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мақоми дувумро касб кард.

Баҳодур Каримов, барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни донишҷӯён, дар рақобатҳо дар вазни то 64 кг дар ҳайати бошгоҳи бокси «Zealous Nation Boxing» нахуст бар Ник Валиер аз дастаи «Gladiator», баъдан бар Еди Делеон («Passaic pal») пирӯз шуд ва ба финал баромад. Вале муштзани тоҷик дар қувваозмоӣ барои ҷойи аввал аз Юлиан Родригес («Garden state») мағлуб гашт.

Golden Gloves («Дастпӯшакҳои тиллоӣ») – мусобиқаи қадима дар таърихи бокси ҳаваскорӣ буда, сар аз соли 1927 ҳамасола миёни муштзанҳои ҳаваскор дар ИМА баргузор мешавад. Мусобиқа аз ду давра - минтақавӣ ва ниҳоӣ иборат аст, ки дар Ню-Йорк ва Чикаго барпо мегарданд.
XS
SM
MD
LG