Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири афғон иддаои муҳосибони Амрикоро рад кард


Умар Захивол, вазири молияи Афғонистон, гузоришҳо дар бораи ситонидани молиёт аз ширкатҳоеро рад кард, ки ба талошҳо барои эҳёи ин кишвари ҷангзада мусоидат мекунанд. Рӯзи сешанбе муҳосибони Амрико бо нашри гузорише гуфтанд, муҳосиботи барномаҳои эҳёи Афғонистон нишон дод, ки аз соли 2008 вазорати молияи ин кишвар аз 43 ширкати қарордодӣ, ки ба талошҳои Иёлоти Муттаҳида дар эҳёи Афғонистон мусоидат мекунанд, 921 миллиард доллар молиёт ва ҷарима ситондааст. Аммо Умар Захивол ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин иддао ангезаҳои сиёсӣ доранд ва ба муносиботи Амрикову Афғонистон латмаи ҷиддӣ хоҳад зад. Ба гуфтаи муҳосибони Амрико, ҳамчунин аз ширкатҳое молиёт ситонидаанд, ки бо ризоияти ду тараф бояд аз молиёт озод мебуданд.
XS
SM
MD
LG