Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"i2" қочоқбаронро ошкор мекунад


Бинои Оҷонсии назорати маводи маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ.
Бинои Оҷонсии назорати маводи маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ.

Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон барои ошкор кардани шабакаҳои қочоқбар, барномаи вижаи «i2»-ро роҳандозӣ кардааст.

Ин барнома сароғоз аз сӯи Оҷонсии назорати маводи мухаддир дар Раёсати мубориза бо маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ фаъол шудааст.

Саъдулло Раҳматуллоев, раиси Дафтари матбуоти Оҷонсии назорати маводи мухаддир рӯзи 16-уми май ба Озодӣ гуфт, ки «i2» як барномаи махсуси компютерӣ буда, гуфтугӯҳои телефонии афродеро, ки дар хусуси қочоқ ва муомилаи маводи мухаддир робитаи телефонӣ карданд, мушаххас менамояд. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, ин барнома барои ошкор кардани шабакаҳои қочоқбар дар дохили кишвар имкони васеъ медиҳад.

Вай гуфт, ки бо ба роҳ мондани барномаи мазкур, кормандони Шӯъбаи таҳлилии Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ метавонанд аз маъхази омори дохилӣ истифода бурда, гуфтугӯҳои телефониро ҳангоми гузаронидани амалиётҳо таҳлил намоянд.

Ба гуфтаи мутахассисони Оҷонсии маводи мухаддир, «барномаи i2 дар доираи қонунгузориҳои кишвар амал намуда, ба унвони мисол телефони як нафари қочоқбарро месанҷанд ва мебинанад, ки вай бо чанд нафари дигар иртиботи телефонӣ доштааст ва ҳамчун гумонбар афроди иртиботдошта мавриди пурсиш қарор дода мешаванд.»

Оҷонсии назорати маводи мухаддир "i2"-ро аз барномаи мубориза бо маводи мухаддири Созмони Милали Муттаҳид дарёфт намуда, тасмим гирифтааст онро дар ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ васл намуда, як системаи ягонаро созмон диҳад.

Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии транзити маводи мухаддири Афғонистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҷумҳурӣ бо Афғонистон, ки тахминан 80 дар сади афюн ва ҳероини оламро тавлид мекунад, наздик ба 1300 киолометр (749 мил) марзи муштарак дорад.

Ба навиштаи департаменти давлатии ИМА, ҳамлу нақли ғайриқонунии маводи мухаддир ба рушди фасод дар тамоми сатҳҳои ҳукумати Тоҷикистон кӯмак расонда, манбаи муҳими даромади ҷангҷӯёну террористон дар Афғонистон аст.

Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҷинояти муташаккилонаи СММ (UNODC) тахмин мекунад, ки солона аз Афғонистон ба Осиёи Марказӣ то 90 тонна маводи мухаддир қочоқ мешавад, ки аз ин байн аз 75 то 80 тоннаи он тавассути Тоҷикистон мегузарад. Ҳарчанд мақомоти тоҷик ба ин омор розӣ нестанд ва мегӯянд ин рақамҳо тахминӣ ҳастанду касе ҳисоб накардааст, ки воқеан тавассути масири шимолӣ чӣ миқдори маводи мухаддир қочоқ мешавад.
XS
SM
MD
LG