Раҳбари “Геологияи тоҷик” Азим Иброҳим мегӯяд, саноати тавлиди тилои Тоҷикистон фоидавар аст ва муваққатан пасту баланд шудани нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба тамоюли умумии афзоиши нархи тило таъсири зиёде намерасонад. Ҳафтаи равон Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки пойин рафтани нархи тило дар бозорҳои ҷаҳонӣ боис шудааст, ки ҳаҷми захираи тилои кишвар 22 миллион доллар коҳиш ёфта, феълан ба 950 миллион доллар мусовӣ шудааст.
Аммо Азим Иброҳим мегӯяд: “Нархи тило воқеан дар соли 1998 поин рафта буд. Он вақт як унси тило (31,1 грамм) то 252 доллари ИМА пойин рафт. Кор ба дараҷае расид, ки бисёре аз корхонаҳои истихроҷу тавлиди тило муфлис шуданд. Ҳозир мо шоҳиди ҳолате низ будем, ки нархи як унс тило ба 1923 доллар баробар шуда буд. Имрӯз нархи як унс тило ба 1432 доллар мусовӣ мебошад. Аз ин рӯ, эҳтимол дар оянда ҳам ҳаҷми тавлиди тило дар Тоҷикистон афзоиш ёбад.”
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, соли гузашта дар Тоҷикистон аз 2200 то 2300 килограмм тило тавлид шудааст. Ӯ меафзояд, ки дар ин кор саҳми чор корхонаи тавлиди тилои реза бузург аст. Ба қавли сарвари “Геологияи тоҷик”, корхонаҳои асосии тавлиди тило дар Тоҷикистон: яке корхонаи бо Чин муштараки “Зарафшон” аст, дигарӣ - корхонаи “Апрелевка”, ки дар он ҳам коршарикони хориҷии ҷумҳурӣ саҳмгузор будаанд. Раҳбари “Геологияи тоҷик” афзуд, ширкати “Тилои тоҷик” ва артели “Одина”, ки ҳарду маҳаллианд, низ дар тавлиди тилои Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Бар замми он дар Тоҷикистон чанд ширкати хурди тилоишӯӣ вуҷуд доранд, ки солона ҳамагӣ то чанд кило тило тавлид мекунанд.
Баъди фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ корхонаҳои соҳаи тилову ҷавоҳироти Тоҷикистон аз кор монданд ва мардум ниёзмандиҳои худро асосан аз ҳисоби тилои воридшуда мебароранд. Дар Душанбе дар ин миён чанд корхонаи ҷавоҳиротсозӣ, назири “Алмаз-Азия” ташкил шуд, вале бо гузашти вақт онҳо ба нархи арзонтари тилову ҷавоҳироти воридотӣ тоб наоварда, тарки бозор карданд. Сарвари раёсати геологии назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, феълан дар корхонаҳои тавлиди тилои “Зарафшон” ва “Апрелевка” муассисаҳои хурди ҷавоҳиротсозӣ низ ташкил шудааст.