Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши HRW ба «хӯрдани қалб»-и сарбози Сурия


Як сарбози Артиши Озоди Сурия. Акс аз бойгонӣ.
Як сарбози Артиши Озоди Сурия. Акс аз бойгонӣ.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар баёнияе гуфт, ки аз дидани навори видеоие, ки нишон медиҳад яке аз фармондеҳони шӯришиёни Сурия «қалби як сарбози артишро мехӯрад», дучори даҳшат шудааст.

Ба гузориши рӯзномаи бритониёии "Independent", ин ниҳоди нозири ҳуқуқи башар рӯзи сешанбе дар баёнияе навори видеоии ёдшударо ба Абу Саққар, бунёдгузори гуруҳи шӯришии Умар Ал-Форуқ нисбат дода ва онро маҳкум кард.

Ин видеио нишон медиҳад, ки Абу Саққар дар ҳоле, ки дар ҳаққи шиаиён суханони қабеҳ мегӯяд, қалб ва ҷигари як сарбозро аз ҷасад берун кашида ва мехӯрад.

Дидбони ҳуқуқи башар мегӯяд, мушаххас нест гуруҳи Умар Аа-Форуқ дар чаҳорчуби Артиши озоди Сурия фаъолият мекунад е на. Аммо раҳбари эътилофи Сурия ва Артиши озоди Сурия бояд тамоми талошҳоро ба харҷ диҳад, ки ҳеҷ касе таҳти фармони онҳо натавонад муртакиби чунин чиноят шавад. Ин ниҳоди ҳуқуқи башар ҳамчунон аз тамоми тарафҳо хостааст, ки ба ҳар роҳе монеи дастрасии гуруҳи Умар Ал-Форук ба силоҳ шаванд.

Дар ҳамин ҳол Эътилофи миллии Сурия низ эълом кардааст, ки дар сурати таъйиди дурустии ин тасовир ва видео, ба шиддат онро маҳкум мекунад. Ба гуфтаи ин гуруҳи мухолифони Сурия, амале, ки ин тасовир ва видео нишон медиҳад, мухолифи ахлоқиёти мардуми Сурия ва ҳамчунин арзишҳо ва усули Артиши Озоди Сурия аст.

Этилофи миллии Сурия мегӯяд, ки Артиши Озоди Сурия ба хотири мақому манзалати тамоми шаҳрвандони Сурия ва барои озодӣ меҷангад ва талош мекунад, ки аз шаҳрвандони ин кишвар муҳофизат намояд. Ин гуруҳ дар ниҳоят бо радди амалҳое мисли озори маҷруҳон ва мурдаҳо гуфтааст, ки он чи дар ин навори видеоӣ нишон дода мешавад, ҷиноят аст, сарфи назар аз ин, ки чи касе онро анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG