Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муовини президенти Академия бо иттиҳоми дуздии амвол


Бинои Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон.
Бинои Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон.

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон муовини президенти Академияи улумро бо иттиҳоми азхудкунии маблағ, боздошт кардааст.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон рӯзи 14-уми май ба "Озодӣ" гуфт, ки маъмурони ин ниҳод ахиран Музаффар Мамадназаров, муовини президенти Академияи улуми Тоҷикистон оид ба корҳои хоҷагиро боздошт карданд, ки дар сирқати маблағи буҷа айбдор дониста мешавад.

Ба қавли Фаттоҳ Саидов, феълан Музаффар Мамадназаров дар ҳабси пешакӣ буда аз тарафи муфаттишони Оҷонсӣ мавриди пурсиш қарор дорад.

Ба гуфтаи Фаттоҳ Саидов, дар назди Академияи улуми Тоҷикистон муассисаи «Академстрой» фаъолият мекунад, ки 12 дарсади маблағи ворида аз буҷаи давлатӣ, ба ҳисоби ин муассиса гузаронида мешавад.

Ин манбаъ мегӯяд, ки сарфу харҷи ин маблағ аз ҷумлаи масъулиятҳои Музаффар Мамадназаров, муовини президенти Академияи улуми Тоҷикистон будааст.

Дар мавриди ҳаҷми маблағи азхуднамудаи Музаффар Мамадназаров ҳанӯз иттилои дақиқ вуҷуд надорад ва тафтишот онро маълум хоҳад кард.

Аммо як корманди Академияи улуми Тоҷикистон, ки овардани номашро зарур нашуморид гуфт, ки Музаффар Мамадназаров масъули корҳои хоҷагии Академия буд ва тамоми маблағе, ки ба номи ин ниҳод ворид мешуд, дар масъулияти вай қарор дошт. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки аз тариқи телевизони давлатӣ низ дар бораи сирқати молии Мамадназаров як гузориш пахш шудааст.
XS
SM
MD
LG