Пайвандҳои дастрасӣ

Бозигари “Регар” як сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум шуд


Сафаралӣ Каримов (аз чап).

Кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон як бозигари дастаи футболи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзодаро ба муддати як сол аз бозӣ маҳрум кард.

Сафаралӣ Каримов, ҳимоятгари бошгоҳи футболи лигаи олӣ - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, бо қарори кумитаи назорату ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар ҳамаи мусобиқоте, ки ФФТ баргузор мекунад, ба муддати як сол маҳрум карда, ба маблағи 5000 сомонӣ ҷарима шуд.

Ин тасмим имрӯз, 13-уми май дар ҷаласаи ин кумита дар ҳаққи ин футболбоз гирифта шуд. Сафаралӣ Каримов дар бозии мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истаравшан» ва «Регар-ТадАЗ» (10-уми май) байрақчаи ёвари сардоварро кашида гирифта, бо он ба шиками ӯ задааст.

Инчунин дар ин ҷаласа бозигарони дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум барои вайрон кардани Кодекси ахлоқи ФФТ муҷозот шуданд.

Чунончи, бозигари «Истаравшан» Улуғбек Абдулҳаев ва бозигари «Вахш» Хуршед Раҳимов аз 1 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 300 сомонӣ, бозигари «Регар-ТадАЗ» Фабритсио Фрейтас аз 2 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 1000 сомонӣ, бозигари ССКА «Помир» Фуруғ Қодиров ва бозигари «Вахш» Саидхони Амрохон аз 3 бозӣ маҳрум ва ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима андохта шуданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG