Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як фармондеҳи пулис аз мақом барканор шуд


Пас аз таҳқиқи сабабҳои як ҳодисаи нақлиётӣ, ки дар ноҳияи Данғара рух дода буд ва дар он 8 нафар ба ҳалокат расида буданд, Насим Имомов-фармондеҳи минтақаввии роҳбонӣ ва бехатарии Шӯъбаи минтақавии умумри дохилаи Кӯлоб аз мақомаш барканор шуд.

Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ба радиои Озодӣ хабар дод.

Ҳодисаи нақлиётӣ 28-уми апрели соли равон дар километри 144-уми роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара дар наздикии деҳаи Қаюмобод рух дода буд.
XS
SM
MD
LG