Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи намояндагии Созмони ҷамъиятии умумиросиягии зидди фасод


Дар Тоҷикистон Созмони ҷамъиятии умумироссиягии мубориза бо коррупсия расман ба кори худ оғоз кард. Баҳриддин Давлатов, раиси намояндагии Созмони ҷамъиятии умумироссиягии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон рӯзи 13 май ба "Озодӣ" гуфт, ки имрӯз бо баргузории як ҳамоиш, созмони онҳо аз оғози кори худ дар Тоҷикистон дарак дод. Вай афзуд, ки созмони мазкур дар ҳайати худ кормандони пешини соҳаи интизомӣ ва ҳуқуқии кишварро ҷалб кардааст ва метавонад бо пешниҳоди аризаҳо аз тарафи шаҳрвандон, мустақилона қазияро таҳқиқ кунад ва ба ниҳодҳои қудратӣ, аз ҷумла ба Оҷонсии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон пешниҳод намояд. Ҳамчуни ин созмон бо Оҷонсии мубориза бо коррупсия машваратҳои ҳуқуқӣ дода ва дар амри таҳқиқи ҳаводиси марбут ба ришвату фасод, ҳамкорӣ менамояд. Баҳриддин Давлатов афзуд, созмони онҳо дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рудакӣ ва навоҳии дигари кишвар намояндагиҳои худро ифтитоҳ кардааст. Ба қавли ӯ, Созмони ҷамъиятии умумироссиягии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон соли 2010 дар Вазорати адлия сабти ном шудааст ва бинобар набуди дафтари муносиб, наметавонист фаъолияти худро оғоз кунад. Ҳоло дафтари ин созмон дар кӯчаи Испечак-2-и Душанбе воқеъ аст.
XS
SM
MD
LG