Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғалабаи нахустини “Вахш” ва пирӯзии дувуми “Хайр”


Рӯзи 12-уми май ду бозии даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ, варзишгоҳи “Пахтакор”, бар тими ССКА “Помир”-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз гашт. Ин аввалин ғалабаи “Вахш” дар мусобиқаи имсола мебошад. Голро ҳамлагар Фурқат Мирҳайдаров дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 56-ум ба ҳадаф расонд.

Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ сардовар Комилҷон Қурбонов (аз шаҳри Турсунзода) дар дақиқаи 42-юм Саидхони Амрохон, бозигари Вахш”-ро барои бо даст задани рақибаш ва Фуруғ Қодиров, бозигари ССКА “Помир”-ро барои бо тӯб задани рақибаш аз майдон ронд. Боз як нафари дигар Хуршед Раҳимов аз дастаи “Вахш”, ки дар замони изофӣ (90+3) корти дувуми зард гирифт, аз бозӣ хориҷ шуд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калони дастаи “Вахш”
Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калони дастаи “Вахш”
Баъди анҷоми ин бозӣ Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калони дастаи “Вахш”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “мо аз нахустин ғалабаи худ дар мусобиқаи имсола хушҳол шудем. Дар дастаи ССКА “Помир” бозигарони пуртаҷриба, аз қабили Раҳматулло Фузайлов, Обидҷон Исмоилов, Субҳон Хоҷамов, Низом Раҳимов, Шуҷоат Неъматов бозӣ мекунанд. Вале бозигарони мо ҷавонанд ва ба камтаҷрибагии худ нигоҳ накарда, ҳунари хуб нишон доданд ва хотири мухлисонро шод гардонданд. Мақсади мо тарбияи футболбозони ҷавон аст, зеро ояндаи футболи тоҷик дар дасти ҷавонон мебошад. Мутаассифона, то ҳоло мо сарпараст надорем ва ҳеҷ гуна дастгирӣ намебинем. Бинобар ин бо мушкилоти зиёд рӯбарӯ ҳастем, бахусус мушкилоти молӣ. Вале, чунон ки мегӯянд, “Аз ноумедиҳо басе умед аст, поёни шаби сияҳ сафед аст.”


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:47 0:00
Линки мустақим


Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи ССКА “Помир”, андешаҳои худро дар бораи ин бозӣ ба радиои Озодӣ чунин баён кард: “ Имрӯз дастаи “Вахш” бисёр мехост, ки ғалаба кунад ва ба мақсадаш расид. Вале, мутаассифона, дастаи мо он бозиеро, ки бо “Равшан” карда буд, нишон дода натавонист. Дар хатти ҳамла камбудиҳои зиёд ба назар мерасид. Бозии футболбозони пуртаҷриба ва легионерҳои африқоии мо дар хатти пеш мувофиқи мақсад набуд. Ростӣ гап,
Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи ССКА “Помир”
Ҳусейн Шодиев, сармураббии дастаи ССКА “Помир”
Мо ҳамлагаре надорем, ки гол занад. Бинобар ин дар 5 бозӣ ҳамагӣ як гол задаем. Мо бояд дар оянда дар ин самт бештар кор кунем.”

Дар бозии дигари даври 6-ум дастаи «Хайр»-и Ваҳдат бар тими меҳмон - «Энергетик» -и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ҳисобро дар дақиқаи 72-юми бозӣ Бахтиёр Чориев, бозигари меҳмонон, кушод. Вале баъди ду дақиқа нимҳимоятгари «Хайр» Баҳодур Шарифов аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар кард. Голи дувум ва ҳалкунандаи мизбононро ҳимоятгар Идибек Ҳабибуллоев дар дақиқаи 84-ум зад.

Боз се бозии даври 6-ум рӯзҳои 13-ум ва 14-уми май баргузор мешавад. Имрӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб дастаи “Равшан” бо тими меҳмон - ”Хуҷанд”-и Хуҷанд рақобат мекунад. Рӯзи сешанбе, 14-уми май ду бозӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Панҷшер»-и Ҷалолиддини Румӣ - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров барпо мегардад.

Даври 6-ум
12-уми май (якшанбе)


«ВАХШ» - ССКА «ПОМИР» - 1-0.

Гол: Фурқат Мирҳайдаров, 56.
Аз майдон ронда шуданд: Саидхони Амрохон («Вахш»), 40, Фуруғ Қодиров (ССКА «Помир»), 40 – барои занозании дуҷониба, Хуршед Ҳакимов («Вахш»), 90 – барои корти дувуми зард.
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».


«ХАЙР» - «ЭНЕРГЕТИК» - 2-1
Голҳо: Бахтиёр Чориев, 72 (0:1). Баҳодур Шарифов, 74 – аз пеналти (1:1), Идибек Ҳабибуллоев, 84 (2:1).
Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 4 4 0 0 14-3 12
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 4 0 0 10-3 12
3. «Равшан» (Кӯлоб) 3 3 0 0 6-0 9
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 4-2 7
5. «Хайр» (Ваҳдат) 4 2 1 1 6-5 7
6. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 5 2 1 2 3-5 7
7. «Энергетик» (Душанбе) 6 1 2 3 4-7 5
8. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 6 1 1 4 3-8 4
9. ССКА «Помир» (Душанбе) 5 0 3 2 1-3 3
10. «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 2 3 2-7 2
11. «Панҷшер» (Румӣ) 4 0 1 3 4-14 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Акуффо ГЕРШОН, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарсе - «Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр ҲАКИМОВ («Панҷшер»), Индус ҲУСЕЙНЗОДА, Нуъмонҷон ҲАКИМОВ (ҳарду - «Равшан»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд»), Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол»), Бахтиёр ЧОРИЕВ («Энергетик»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр»), Фурқат МИРҲАЙДАРОВ («Вахш») – 2-тӯбӣ.

Даври 6-ум
13-уми май (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.00
«РАВШАН» - «ХУҶАНД». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.

14-уми май (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00

«ИСТИҚЛОЛ» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«ПАНҶШЕР» - «ПАРВОЗ». Ҷалолиддини Румӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.
XS
SM
MD
LG