Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диктатори Гватемала ба 80 соли зиндон маҳкум шуд


Додгоҳе дар Гватемала, Эфраин Риос Монт, диктатори собиқи 86-солаи ин кишварро, бо гуноҳи наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият ба 80 соли зиндон маҳкум кард. Иттиҳомот алайҳи ӯ ба қатли оми мардуми бумӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Гватемала бармегардад, ки аз соли 1960 то соли 1996 идома кард. Риос Монт соли 1982 қудратро дар кишвараш ба даст гирифт ва як сол ҳукмронӣ кард ва дар аҳди ӯ хунрезӣ дар ҷанги 36-солаи миёни артиш ва ҷудоихоҳони чапгаро дар Гватемала ба авҷи аълояш расид. Дар замони ҳукумати Эфраин Риос Монт, мардуми бумӣ ҳадафи қатлу таҷовузу шиканҷаи артиши Гватемала қарор гирифтанд, ки онҳоро ба ҳимоят аз ҷудоихоҳон муттаҳам мекард. Дар ин ҷанг бештар аз 200 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG