Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии «Регар» бар «Истаравшан» бо ҳисоби 3:2


Рӯзи 10-уми май бозии даври дувуми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ – “ Истаравшан”-и Истаравшан ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода баргузор шуд.

Ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан барпо гардид, бо пирӯзии дастаи меҳмон – «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Қувваозмоӣ хеле тезу тунд сурат гирифт. Дар ҷараёни бозӣ ду бор мизбонон ҳисобро баробар карданд. Голи севум ва ҳалкунандаро Комил Саидов, ҳамлагари «Регар-ТадАЗ», дар охири бозӣ ба самар расонд. Дарвоқеъ, замоне ки ҳисоб баробар – 2:2 буд, бозигари «Истаравшан Улуғбек Абдулҳаев барои корти дувуми зард аз майдон хориҷ гашт.

Баъди ин ғалаба имтиёзҳои дастаи «Регар-ТадАЗ» бо тими “Истиқлол”-и Душанбе баробар шуд. Ҳарду даста 12-имтиёзӣ гирифтаанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқа дар ҷойи аввал ва “Регар-ТадАЗ” дар ҷойи дувум қарор доранд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 9 имтиёз дар ҷойи севум мебошад. Бояд гуфт, ки “Равшан” ягона дастаест, ки то ҳоло гол нахӯрдааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ.
Бозии даври 2-юм
10-уми май (ҷумъа)

«ИСТАРАВШАН» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 2:3.
Голҳо: Фабритсио Фрейтас, 18 (0:1). Улуғбек Абдулҳаев, 20 (1:1). Хуршед Маҳмудов, 40 (1:2). Ғайрат Абдураззоқов, 56 (2:2). Комил Саидов, 81 (2:3).
Улуғбек Абдулҳаев («Истаравшан») барои корти дувуми зард (77) аз майдон хориҷ шуд.

Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа


Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Истиқлол» (Душанбе) 4 4 0 0 14-3 12
2. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 4 4 0 0 10-3 12
3. «Равшан» (Кӯлоб) 3 3 0 0 6-0 9
4. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 4 2 1 1 4-2 7
5. «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) 5 2 1 2 3-5 7
6. «Энергетик» (Душанбе) 5 1 2 2 3-5 5
7. «Хайр» (Ваҳдат) 3 1 1 1 4-4 4
8. ССКА «Помир» (Душанбе) 4 0 3 1 1-2 3
9. «Истаравшан» (Истаравшан) 5 0 2 3 2-7 2
10. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 5 0 1 4 2-8 1
11. «Панҷшер» (Румӣ) 4 0 1 3 4-14 1

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 5 тӯб, Акуффо ГЕРШОН, Комил САИДОВ, Хуршед МАҲМУДОВ (ҳарсе - «Регар-ТадАЗ»), Бахтиёр ҲАКИМОВ («Панҷшер»), Индус ҲУСЕЙНЗОДА, Нуъмонҷон ҲАКИМОВ (ҳарду - «Равшан»), Муҳаммад ГУЛИПУР («Хуҷанд») ва Юҷин СЕПУЙЯ («Истиқлол») – 2-тӯбӣ.

Даври 6-ум
12-уми май (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00
«ВАХШ» - ССКА «ПОМИР». Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».
«ХАЙР» - «ЭНЕРГЕТИК». Ваҳдат, варзишгоҳи «Хайр».

13-уми май (душанбе)
Оғози бозӣ – соати 17.00
«РАВШАН» - «ХУҶАНД». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
14-уми май (сешанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.00

«ИСТИҚЛОЛ» - «РЕГАР-ТАДАЗ». Душанбе, майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

«ПАНҶШЕР» - «ПАРВОЗ». Ҷалолиддини Румӣ, варзишгоҳи ба номи Уктам Маматов.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа баъди анҷоми бозии ин даста бо тими мизбон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, ки рӯзи 4-уми май бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 1:0 ба охир расида буд, дастаи “Вахш” ба унвони Федератсияи футболи Тоҷикистон эътирознома навиштааст.

Дар он гуфта мешавад, ки “дар протоколи ин бозӣ дар ҳайати дастаи “Парвоз” ному насаби бозигар Фарҳод Ҳикматуллоев навишта шуда буд. Як рӯз пеш, яъне 3-юми май, ӯ дар бозии ҳайатҳои ҷавонони “Парвоз” ва “Вахш” ширкат доштааст. Рӯзи 17-уми апрел бошад, ин бозигар дар ҳайати дастаи “Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов дар мусобиқаи лигаи якум бозӣ кардааст, ки ин хилофи Регламент ё дастури мусобиқоти лигаҳои олӣ ва якуми Тоҷикистон мебошад.

Эътирозномаи бошгоҳи футболи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар Федератсияи футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG