Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳои созмонҳои ҳуқуқи башар аз боздошти Язмуҳаммадов


Равшан Язмуҳаммадов
Amnesty International ё Афви Байналмиллал ва созмони Гузоришгарони Бидуни Марз эъломияе пахш ва изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Равшан Язмуҳаммадов-хабарнигори боздоштшудаи бахши туркмании радиои Озодӣ мумкин аст шиканҷа шавад.

Amnesty International дар эъломияи рӯзи ҷумъаи худ гуфтааст, “бо вуҷуди он, ки мақомот иттиҳомоти зидди вайро исбот накардаанд, вале вайро барои кораш дар радиои Озодӣ шиканҷа мекунанд ва вай дар дами хатар қарор дорад”.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар эъломияи худ гуфтааст, “боздошти Язмуҳаммадов гувоҳи нақзи дағалонаи ҳуқуқҳои конститутсионии вай ва нақзи муқаррароти аҳдномаи байналмиллалист, ки Туркманистон онро ба тасвиб расондааст”.

Язмуҳаммадов рӯзи душанбе дар шарқи Туркманистон боздошт шуд, вале аз ин боздошт ба хонаводааш танҳо рӯзи панҷшанбе як ҷумла хабар додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG