Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун аз ташаббуси Амрикову Русия роҷеъ ба Сурия истиқбол кард


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ аз хабаре дар бораи омодагии Русия ва Амрико ба музокироти навини сулҳ роҷеъ ба Сурия истиқбол кард.

Дар ин бора вазирони корҳои хориҷаи Амрико ва Русия Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров хабар доданд. Ҷон Керрӣ гуфт, Вашингштон ва Маскав корҳои созмондиҳии як конфронси байналмиллалӣ то поёни моҳи ҷориро бар уҳда хоҳанд гирифт.

Дар мулоқоти Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров таъкид шуд, ки дар ин конфронс бояд ҳам мақомоти баландпояи ҳукумати Башор Асад-раиси ҷумҳур ва ҳам шахсиятҳои баландпояи ҷониби мухолифон ширкат кунанд. Аммо ҷониби мухолифон мегӯянд, ки бояд ба Асад ва ба доираи вай ҳеҷ нақше дода нашавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG