Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба рассоми бедасти қазоқ виза надоданд


Қариббек Куюков
Қариббек Куюков

Ахиран ба як наққоши қазоқ раводиди сафар ба Бритониё надоданд, зеро ӯ нақши ангуштонашро ба сафорат дода натавонист.

Қариббек Куюков мегӯяд, сафорати Бритониё ба ӯ шиносномаашро баргардонида, иброз доштааст, ки акси ангуштонаш сифати хуб надошт ва аз ин рӯ, ба ӯ раводиди сафар намедиҳанд.

Ин ҳунарманди қазоқ, ки бидуни ду панҷа ба дунё омадааст, мегӯяд, дар тӯли умраш аз чизи зиёд маҳрум буд, вале барои аввалин бор ба ӯ барои ин раводиди сафар надодаанд, ки ба сафорат акси ангуштонашро надодааст. Моҳи гузашта Қариббек Куюков умед дошт, ки раводиди сафар ба Бритониёро дастрас намуда, дар як нишасти байналмилалии мухолифини озмоишҳои ҳастаӣ ширкат меварзад.

Ин наққоши 44-сола ҳуҷҷатҳояшро ба консулгарии Бритониё дар Истанбул супурда, мунтазири виза буд, вале ҷавоб гирифт, ки акси ангуштонаш кайфияти хуб надошт, аз ин рӯ, шиносномаашро бидуни раводиди сафар бармегардонанд.

Куюков мегӯяд, конфронси байналмилалӣ бояд 15-уми апрел дар шаҳри Эдинбург доир мешуд: «Тибқи маъмул, ходимони консулгарӣ дар Алма-Ато аз довталабони виза акси ангушт мегиранд. Ман ба онҳо гуфтам, ки аз оринҷ поин даст надорам. Онҳо аксамро гирифтанду аз номи ман ариза пур карда, онро ҳамроҳ бо шиносномаам ба консулгарии Бритониё дар Туркия ирсол намуданд. 15-уми апрел гузашту аз виза хабаре набуд. Баъд 26 ва ё 27-уми апрел онҳо шиносномаро пас фиристода, навиштанд, ки акси ангуштонам хуб набуд. Онҳо ба ман машварат доданд, ки аз нав акси ангушт гирифта, ҳуҷҷатҳоямро дубора фиристам. Онҳо ба хоҳарам, ки мебоист маро ҳамроҳӣ мекард, раводид доданд, вале ба ман ба сабаби набудани нақши ангушт, ки ҳеҷ гоҳ надоштам, виза надоданд.»


Куюков одатан қалами наққоширо бо дандонҳо ва ё бо пойҳояш дошта, маъмулан дар мавзӯъҳои марбут бо халъи силоҳи ҳастаӣ расм мекашад. Ӯ қасд дошт, ки дар рӯзҳои конфронси мухолифони озмоишҳои ҳастаӣ дар Эдинбург намоишгоҳи наққошиҳояшро дар маърази тамошо гузорад.

Дар посух ба суоли Радиои Озодӣ намояндаи вазорати корҳои хориҷии Бритониё гуфт, дархости раводиди сафари Куюков рад нашудааст. Ин идора тафсилоти бештаре надод.

Баъди ошкор шудани ин қазия консулгарии Бритониё дар Истанбул бо Куюков дар тамос шуда, бо арзи маъзарат иброз доштааст, ки ҳозир аст, ин ҳодисаи ногуворро таҳқиқ кунад.

Куюков меафзояд, ба ӯ ҳатто ваъда доданд, ки барояш раводиди сафар хоҳанд дод. Вале Куюков таъкид мекунад, ки аввалан ӯ аз ширкат дар конфронс маҳрум шуд ва сониян, ӯ акнун имкон нахоҳад дошт, ки наққошиҳояшро ба намоиш гузорад.

Куюков дар вилояти Семейи Қазоқистон ба дунё омадааст. Дар даврони шӯравӣ ин вилоят Семипалатинск ном дошту дар он озмоишгоҳи ҳастаии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойгир буд.

Дар тӯли 40 соли истифодаи озмоишгоҳи Семипалатинск дар он камаш 470 таркиши ҳастаӣ баргузор карда буданд, ки мизони шуоъи ҳастаиро дар ин вилоят ба маротиб боло бурда, боиси таваллуди ҳазорҳо кӯдаки маъюб шудааст. Куюков мегӯяд, сабаби бедаст ба дунё омадани ӯ ҳам маҳз ҳамин озмоишгоҳ аст.


Ӯ меафзояд: «Ман дар зиндагӣ мушкили зиёдро паси сар кардаам. Ин ҳодисаро маро дилшикаста нахоҳад кард. Аммо афсӯс, ки ман ба ҳайси намояндаи Қазоқистон дар ин конфронс ҳузур надоштам.»

Барномаи манъи озмоишҳои ҳастаии зери назари ҳукумати Қазоқистон Куюковро сафири ифтихории ин кишвар интихоб кардааст. Дар давоми бист соли гузашта Куюков дар чандин нишасти байналмилалии мухолифони озмоишҳои ҳастаӣ дар Амрико, Норвегия, Олмон ва дигар кишварҳои аврупоӣ ширкат варзида, мехоҳад дар оянда ҳам ба ин фаъолиятҳояш идома диҳад.
XS
SM
MD
LG