Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Латукӯби афсари амният ва эътирози сокинони Ишкошим


Раёсати умури дохилаи вилояти Бахашон латукӯб шудани ваколатдори фаврии кумитаи амният дар ноҳияи Ишкошим Сӯҳроб Давроновро тасдиқ кард.

Дар натиҷа ин афсар зарари ҷимонӣ гирифта, дар шифохонаи ноҳия бистарӣ гардидааст. Ҳодиса тақрибан соати 5-и субҳи дуюми май рух додааст.

Дар робита ба ин ҳодиса 4 ҷавони маҳаллӣ ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи раёсати дохила, се гумонбар пас аз чанд рӯз бинобар тасдиқ нашудани ширкати онҳо дар ин ҳодиса озод шуда, як нафар аз боздоштшудагон ба гуноҳаш иқрор кардааст.

Ба гуфтаи манобеъ дар шӯъбаи корҳои дохилаи Ишкошим, ваколатдори фаврӣ дар ҳоле латукӯб шудааст, ки аз хонаи як духтари ноболиғи 17-солаи мактабхон, ки дар хобгоҳи умумӣ зиндагӣ мекунад, берун меомад. Волидайни духтар дар осоишгоҳи обҳои шифоӣ кор мекунанд ва он рӯз дар навбатдории шабона будаанд.

Ба гуфтаи манобеъ, равобити афсар ва духтар ҳанӯз аз моҳи феврал вуҷуд доштааст, аммо инро ки оё байни онҳо муносибати маҳрамона вуҷуд доштааст ва ё не, ташхиси тиббӣ ва таҳқиқи додситонӣ муайян хоҳад кард. Духтар ба ҳайси ҷабрдида ба мақомоти тафтишотӣ даъват шудаст, вале дар бори муҳтавои ин пурсишҳо чизе гуфта намешавад.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи сокинони ноҳияи Ишкошим рӯзҳои 6-ум ва уми 7-уми май ба ҳукумати ноҳияи шикоят бурдаанд.Ба гуфтаи сокини ноҳия Пайшанбе Маҳрамбеков, тахминан 20 нафар аз хешовандону пайвандони боздоштшудагон тайи ду рӯз ба нишони эътироз аз шеваи муносибати мақомоти амниятӣ нисбат ба боздоштшудагон ба идораи ҳукумати ноҳия рафта, хостаанд, ки қазияи латукӯби афсар дар асоси қонун ва бидуни фишору маҷбуркунӣ таҳқиқ шавад. Ба гуфтаи ӯ, дар мулоқот бо намояндагони ҳукумати ноҳия сокинон гуфтаанд, ки кормандони мақомоти амниятӣ, ки аз вилоят барои таҳқиқи ҳодиса ба Ишкошим омадаанд, нисбат ба боздоштшудагон муносибати ғайриқонунӣ ва зӯроварӣ истифода бурдаанд.

Ба гуфтаи сокинон, танҳо пас аз муроҷиати онҳо се нафар аз боздоштшудагон озод шуда, мақомот гуфтанд, ки нафари 4-ум Ҷамил Акрамов ба кардааш иқрор шудааст ва онҳо пас аз ин пароканда гардиданд.

Аммо намояндагони ҳукумати ноҳия доир шудани кадоми эътирози гурӯҳиро рад карда гуфтанд, ки онҳо мисли ҳаррӯза бо гурӯҳи сокинон мулоқоти муқаррарӣ анҷом додаанд.
XS
SM
MD
LG