Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 шаҳрванди Тоҷикистон дар Бишкек боздошт шуданд


Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора вазорати корҳои дохилаи ин кишвар ба матбуот хабар додааст.

Шералӣ Муродов соли таваллудаш 1991 ва Сайфулло Кабутов соли таваллудаш 1977 аз моҳи сентябри соли 2012 барои куштор дар ҷустуҷӯ қарор доштанд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, моҳи августи соли 2012 ин ду нафар дар тарабхонае дар шаҳри Душанбе ба ду марди дигар бо корд ҳамла кардаанд ва яке аз онҳо аз захми корд даргузашт. Дигарӣ бо захми корд ба сандуқи синааш ба бемористон интиқол дода шуд.

Аз он замон то ҳол ин ду нафар дар фирор дар шаҳри Бишкек дар иҷора зиндагӣ мекардаанд.
XS
SM
MD
LG