Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозпурсии 3 марзбон дар робита ба марги як талаба дар Дарвоз


Додситонии гарнизони ҳарбии Бадахшон комиcсияи махсусеро барои таҳқиқи ҳодисаи марги Парвизи Вазирбек ба ноҳияи Дарвоз фиристод.

Полковник Маҳмадалӣ Бобоев, додситони ҳарбии Бадахшон рӯзи 6-уми май ба "Озодӣ" гуфт, таҳти раҳбарии муовини додситонии ҳарбӣ Фаррух Хайруллоев, як комиссияи махсус барои таҳқиқи ҳодисаи марги талабаи мактаби рақами 1-и ноҳияи Дарвоз сафарбар шудаааст: «Феълан онҳо се марзбони қисми ҳарбиро ҳамчун гумонбар мавриди пурсиш қарор додаанд ва ҷузъиёти ҳодисаи марги Парвиз дар зарфи се рӯзи оянда рӯшан карда хоҳад шуд.»

Ба гуфтаи додситони ҳарбии Бадахшон, Парвизи Вазирбек бисёр бачаи "корчалону чақон" будааст ва дар гузашта ҳам, вай бо як амали авбошӣ аз тарафи кормандони милиса боздошт шудаааст: «Ман дастур додам, ки ҳамон ҳуҷҷатҳои амали пешинаи Парвизро ҳам тафтиш кунанд.»

Дар робита ба ин суол, ки пас чаро сарбозон ҷасади ӯро ба дарё андохтаанд, Додситони ҳарбӣ гуфт, шояд онҳо ба хотири ин, ки марги мактаббача дар қисми ҳарбӣ сарусадоҳои барзиёдро ба вуҷуд наорад ва барои пӯшида мондани ин ҳодиса, ӯро ба дарё андохтаанд.»

Маҳмадалӣ Бобоев гуфт, комиссия дар ҷараёни таҳқиқ, печидагиҳои ҳодисаи марги Парвизро рӯшан хоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол Ғалимат Аҳмадов, ҳуқуқшиноси Маркази машварати ҳуқуқии Дарвоз ба "Озодӣ" гуфт, ки наздикони Парвизи Вазирбек ба ӯ муроҷиат намуда, хоҳиши кӯмаки ҳуқуқӣ кардаанд. Вай гуфт, ҳанӯз рӯшан нест, ки ҳодиса чи гуна сурат гирифтааст. Зеро маълум нест, ки Парвиз бо сарбозон ҳамкорӣ доштааст ё ин, ки кӯшиши дуздидани бензинро кардааст.

Парвизи Вазирбек, ки дар синфи 8-уми мактаби рақами 1-ноҳияи Дарвоз таҳсил мекард, рӯзи 1-май дар шароити мармуз ба ҳалокат расид. Мақомот ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, вале ҷузъиёти онро шарҳ намедиҳанд. Қаблан Додситони ноҳияи Дарвоз Саидаҳмад Холов дар як тамоси телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфта буд, тамоми иттилоъ дар бораи хабари марги мармузи ин наврас ба додситонии ҳарбии Гарнизони Хоруғ ирсол ва таҳқиқи парванда оғоз шудааст. Вай гуфт: "Дар ҷои ҳодиса коркунони прокуратураи ҳарбӣ кор карданд ва хулосаҳои худро ба Гарнизони Хоруғ фиристоданд. Азбаски ин як мавзӯи ҳарбӣ аст, ман ба шумо тафсилоти зиёд дода наметавонам", гуфт Саидаҳмад Холов.

Аммо Саидбек Аҳмадбеков, яке аз хешовандони Парвизи Вазирбек рӯзи 3-юми май дар шарҳи ин қазия ба Озодӣ» гуфт, онҳо медонанд, ки ҳодиса шоми 1 май рух додааст, вале то имрӯз ҷасади бачаро пайдо накардаанд. Ба иддаои Аҳмадбеков, Парвизи Вазирбек бо бархе аз сарбозони қисми марзбонии мустақар дар шаҳраки Қалъаихум додугирифт дошт ва ба ивази маводи сӯхт ба онҳо телефони мобилӣ, симкарт ва дигар васоили зарурӣ меовард.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати Озодӣ, "гӯё бегоҳии рӯзи 1-уми май сарбозон Парвизро барои табодули мол бо бензин даъват карданд. Вале ҳангоми гирифтани маводи сӯхт, посбонони ин қисми ҳарбӣ пайдо шуданд ва посбонҳо ба хотири ошкор нашудани муомилот гӯё Парвизро даруни бочкаи яктоннагии маводи сӯхт андохта, худ фирор кардаанд".

Ба иддаои Саидбек Аҳмадбеков, "ҳангоме, ки сарбозон пас омаданд, Парвиз аллакай ҷон дода буд ва онҳо ҷасадро ба дарёи Панҷ андохтанд, то ҳеҷ нишоне ҷой надошта бошад".

Радиои Озодӣ бо чандин нафар дар ноҳияи Қалъаи Хумб дар тамос шуд, ҳамагӣ ҳамин иддаоро такрор мекарданд. Ҳарчанд ҳеҷ далели собиткунандаи ин ҳодисаро дар даст надоранд. Мақомот аз гуфтани тафсилоти ҳодисаи нопадидшавии мармузи ин наврас худдорӣ мекунанд.

Масъулини Додситони ноҳияи Дарвоз мегӯянд, ин ҳодиса "бисёр торик ва печида аст ва чӣ гуна ба ҳалокат расидани Парвизи Вазирбек ҳанӯз норӯшан мебошад".
XS
SM
MD
LG