Пайвандҳои дастрасӣ

Телевизиони маҳаллии «Мавҷи Озод» дар ноҳияи Восеъ ба пахши гузоришҳои видеоии ва хабарҳои сомонаи Радиои «Озодӣ» оғоз кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ ва хабарҳои кутоҳи Радиои «Озодӣ» тайи як моҳи ахир зери сарлавҳаи «Озодӣ хабар медиҳад» дар ин телевизион пахш мешавад.

Хоҷа Назриев, сармуҳаррири барномаҳои ин телевизион мегӯяд, вақти барномаи ахборашонро тӯлонӣ кардаанд, аз ин рӯ, бинобар дастраси надоштан ба хабарҳои ҷаҳону Тоҷикистон, сомонаи «Озодӣ» истифода мебаранд.

-Ҳоло телевизионро ба интернети суръаташ баланд пайваст кардем. Гузоришҳои зиёди видиоии Радиои «Озодӣ»-ро ҷамъ кардаем ва ҳар шаб дар идомаи хабарҳои ноҳияву минтақа зери рубрикаи «Озодӣ хабар медиҳад» то даҳ дақиқа хабару гузориҳое пахш мешаванд, ки дар сайт пахш шудаанд. Бисёре аз сокинони ноҳия аз интернет истифода намебаранд, бо ин роҳ мо мехоҳем, онҳоро аз хабарҳои ҷаҳону Тоҷикистон огоҳ кунем. Дидам, ки аксари гузориҳои видеоии «Озодӣ» кӯҳан нашудаанд ва онҳоро мешавад, ҳар вақт истифода бурд,-гуфт, Хоҷа Назриев.

Телевизиони «Мавҷи Озод» ягона телевизиони мустақили маҳаллӣ дар минтақаи Кӯлоб аст, ки дар як рӯз то 8 соат барнома пахш мекунад. Барномаҳои ин телевизионро сокинони ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб, ноҳияи Темурмалик ва Ҳамадонӣ тамошо мекунанд.

Қаблан, телевизиони маҳалии Регар гузоришҳои видеоии «Озодӣ»-ро бо иҷозаи муаллифон нашр мекард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG