Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги муфоҷои 7 нафар Кӯлобро такон дод


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Марги муфоҷои якбора 7 нафар дар як садамаи нақлиётӣ дар километри 144-уми шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб мардуми минтақаи Кӯлобро сахт такон дод.


Ин садама шоми 28 апрел дар наздикии деҳаи Қаюмободи ноҳияи Данғара рух дод. Тибқи иттилои вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Пайрав Ашӯров, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳангоми ҳаракат ба тарафи Душанбе ба самти муқобил баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра"-и сокини Восеъ Баҳриддин Сабуров бархӯрд.

Дар натиҷа Пайрав Ашӯров ва мусофирони мошини ӯ - Ҷовид Муродов, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шӯрообод, Сироҷиддин Исоев, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ ва Фаришта Сафарова, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра” Назар Шамсиддинов соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Кӯлоб, Сафар Абдуллоев, соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва Ҷӯрахон Сафаров, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳалок шудаанд. Баҳриддин Сабуров ва мусофири дигари мошини ӯ Суннатуллои Шералӣ, истиқоматкунандаи деҳаи Қурбоншаҳиди Восеъро бо ҷароҳатҳои сангин ба беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бурдаанд.

Ин фоҷиа мавзӯъи риояи қоидаҳои ҳаракатро дубора вирди забонҳо гардонд. Ходимони пулиси роҳ мегӯянд, мусофирон низ дар баробари ронанда метавонанд аз вуқӯъи садамаҳо ҷилавгирӣ кунанд. Ба гуфтаи кормандони Бозрасии давлати автомобилии минтақаи Кӯлоб, мусофирон низ бояд талош кунанд, то ронандагон суръати мошинро баланд накунанд.

Шамсиддин Мирзошарифов, муовини сардори пулиси роҳи минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳангоми тафтиши садамаи пурқурбонӣ маълум шуд, ки ҳар ду мошин дар гардиши танг бо суръати тез ҳаракат доштаанд. Дар ин ҳолатҳо, ки ба гуфтаи ӯ, кормандони Бозрасӣ ҳузур надоранд, агар мусофирон ронандаро аз суръати баланд ҳушдор диҳанд, шояд чунин ҳодиса сар назанад. Ӯ мегӯяд, сокинон бояд ба хотири ҳифзи ҷони худ аз савор шудан дар мошини ронандаҳое, ки бо суръати баланд ҳаркат мекунанд, даст бикашанд. Чунин тасмимгирии сокинон, ба гуфтаи ӯ, метавонад, садамаҳои нақлётиро коҳиш диҳад.

Мусофирон мегӯянд, фоҷиаи ахир онҳоро ҳушёртар кардааст ва дигар талош мекунанд, дар мошине савор шаванд, ки ронандааш бузургсолтар аст. Шарофат Зардова, сокини шаҳри Кӯлоб, ки ба Душанбе сафар дошт, гуфт, ба ҳар сурат ронандаи бузургсол таҷрибаи бештар дошта, бештар эҳтиёт мекунад. Ӯ мегӯяд, маъмулан ронандагони ҷавон бо суръати хеле баланд ҳаракат мекунанд: «Дуои ҳамешагии ҳар мусофир ҳам сафари бехатар аст. Лекин ҳар бор ки савор мешавам, мебинам, ки суръати ҳаракат баланд мешавад, хоҳиш мекунам, ки чунин накунанд. То ҷову макон расидан сад бор шояд такрор мекунем, ки додари ҷон, оҳиста рон, вале аксарашон гӯш намекунанд ва кори худашонро мекунанд.»

Аммо на ҳамаи ронандагони ҷавон ба ин ҳарф, ки садамаҳо маҳз бо айби онҳо мешавад, розианд. Сӯҳроб Раҷабов, як ронандаи ҷавони мошини мусофиркаш мегӯяд, кам мушоҳида кардааст, ки мусофирон онҳоро аз тунд рондани мошин боздоранд. Балки баръакс аксари мусофирон бо баҳонаи шитоб доштани худ ронандагонро ташвиқ мекунанд, ки суръатро баланд кунанд:
«Мусофирони зиёд бо ақидаҳои ҳархела савор мешаванд. Лекин бисёраш хоҳиш мекунад, ки тезтар биронем. Дар ин ҳолат бояд ронанда каллаи худро кор фармояд. Ҷавони бефикр ҳам ҳаст, лекин баъзе калонсолҳо ҳам аз ҳад мегузаронанд».

Ширинҷон Сафарзода, як рӯзноманигори маҳаллӣ мегӯяд, ҳоло миёни ронандагон ақидае ҳаст, ки «мошини ман беҳтарин аст ва бояд аз ҳама тезтар равад» ҷой дорад. Ба гуфтаи ӯ, чунин ақидаҳо ва наомӯхтани қоидаҳои ронандагиву дуруст ташхис нашудани ҳолати мошинҳо боиси садамаҳо мешавад: «Пештар як қоида буд, ки мошини даҳ сол истифодашуда ҳақи мусофиркашонӣ надорад. Ҳоло касе ба ин паҳлуи масъала аҳамият намедиҳад ва бархе мошинҳо умуман ҳолати техникиашон хуб нест, ҳарчанд ҳуҷҷате доранд, ки гӯё аз ташхис гузаштаанд. Ин ҳолатҳо ҳам боиси садамаҳо дар роҳҳо мешаванд. Ба ҳолати рӯҳии ронандагон дар ягон ҷой аҳамият намедиҳанд, ҳатто ба фикрам, дар вақти гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ.»

Садамае, ки дар шоҳроҳи Душанбе- Кӯлоб рух дод, аз пурқурбонитарин садамаҳои се моҳи ахир дар роҳҳои Тоҷикистон аст. Дар маҷмӯъ, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 234 садама рӯй додааст, ки бар асараш 72 нафар ҳалок шуда, 250 тан ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG