Агар наслҳои оянда суолеро матраҳ намоянд, ки садои мусиқии паштунҳоро кӣ хомӯш кард, эҳтимол дар ҷавоб гӯянд, ки роҳханҳои фаннӣ-пиратҳо, на Толибон, ки душмани маъруфи ҳунару мусиқӣ шинохта мешаванд.
Пайдо намудани пиратҳо ҳеҷ душворӣ надорад. Онҳо дар кӯчаҳои марказии шаҳрҳои шимолу ғарби Покистон нишаста, компутарҳояшон рӯи миз мунтазири фармоиши муштарӣ ҳастанд. Онҳо ҳар хости муштариро: хоҳ диск бо оҳангҳои дӯстдошта аст, хоҳ навори видеои оҳанг дар телефони мобилӣ, дар давоми ду-се дақиқа иҷро мекунанд.
Ҳамчунон садҳо вебсайти паштунзабон имкон медиҳанд, ки корбар бидуни маҳдудият оҳангҳои онҳоро барои худ сабт кунанд. Чунин ҳол ҳаёти овозхонҳо, бастакорон ва тоҷирони қонунии оҳангу таронаҳои паштуниро ба қадри кофӣ танг кардааст.
Овозхони маъруфи паштунтабор Сардор Юсуфзай мегӯяд, роҳзанҳо овозхонҳо, дӯконҳои мусиқӣ ва ҳатто студияҳои сабти садоро бо муфлисӣ мувоҷеҳ мекунанд. http://www.youtube.com/watch?v=Y424NJXLdd8)
Юсуфзай ба ёд меорад, ки замоне студияҳо барои сабти навор сабқат мекарданд, ҳоло бошад, беҳтарин овозхонро ҳам қабул намекунанд, зеро аз фурӯши диску наворҳо ҳеҷ нафъе намебардоранд. Ба қавли Юсуфзай ҳозир дар аввалин рӯзи нашр роҳзанҳо дискҳоро нусхабардорӣ намуда, бозори онҳоро маҳв мекунанд.
Юсуфзай 44 сол дошта, соли 2008-ум ӯ аз як сӯиқасди Толибон ҷон ба саломат бурдааст. Ӯ мегӯяд: "Ҳунармандон дар ҷомеаи мо хеле осебпазир мебошанд, зеро кори дигаре аз дасташон намеояд. Онҳо ҳаёти худро ба ҳунарашон бахшидаанд. Ҳозир онҳо чӣ меомӯзанду чиро аз нав ёд мегиранд?”
Суханони Юсуфзайро Суҳайлхон - соҳиби ширкати мусиқии "Сангам" - тасдиқ мекунад. Замоне "Сангам" дар саросари Покистон дӯкон дошту дӯстдорони мусиқии паштуниро бо тозатарин оҳангу тарона таъмин мекард. Ҳоло чанд дӯкони хурду резаи ин ширкат дар атрофи бозори қадимаи Пешовар боқӣ мондаву халос. Суҳайлхон мегӯяд: “Рӯзҳои хуш ба поён расидаанд. Ҳозир мо хароҷоти рӯзмарраамонро бароварда наметавонем. Ҳеҷ захира намондааст.”
Овозхон ва бастакори тоҷик Сироҷиддин Фозилов мегӯяд, ҳаёти ҳунарнамони тоҷик шояд аз он ҳам бадтар бошад ва то замоне ,ки ягон ниҳоди хоси давлатӣ аз пайи ҳалли ин мушкил нашавад, вазъ тағйир намеёбад.
Овозхонҳои покистонӣ ҳам бар ин назаранд, ки як ниҳоди давлатӣ бояд ҳуқуқи муаллифии онҳоро ҳифз кунад. Аммо Сайфуллоҳ, ходими идораи покистонии ҳифзи ҳаққи муаллиф бар ин назар аст, ки ибтидо бояд худи овозхонҳо иқдом намоянд: "Мо ягон таҳлиле дар бораи вазъи роҳзанӣ дар саноати мусиқии паштунӣ нагузаронидаем. Вале медонем, ки мушкил хеле бузург аст. Бахше аз мушкил ин аст, ки муаллифон дар бораи ҳуқуқи худ хабар надоранд ва бар зидди поймолшавии ҳаққашон талош намеварзанд.”
Дар Тоҷикистон ҳам идораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва қонунгузорӣ дар ин замина вуҷуд дорад, вале то ҳол касе аз овозхонҳои тоҷик низ алайҳи роҳзанҳои фаннӣ иқдом накардааст.