Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Федератсия ҳам қарордоди низомӣ бо Тоҷикистонро тасвиб мекунад


Шӯрои Федератсияи Русия
Шӯрои Федератсияи Русия
Интизор меравад, ки имрӯз Шӯрои Федератсияи Русия қарордодҳои худро дар бораи ҳузури пойгоҳҳои низомиаш дар Тоҷикистон ва Қиризистон ба тасвиб расонад. Думаи Давлатии Русия ин қарордодҳоро 24 апрел ба тасвиб расонда буд. Тибқи ин қарордод низомиёни Русия 30 соли дигар дар Тоҷикистон хоҳанд монд. Вале ин қарордодро порламони Тоҷикистон ба тасвиб нарасондааст.

Намояндагони Шӯрои Федератсияи Русия ҳамчунин қарордодҳои дигари ҳамкориҳои миёни ҳукуматҳои Қирғизистон ва Русияро баррасӣ мекунанд. Ин қарордодҳо дар бораи танзими қарзҳои пешинаи ин кишвар, қарордод дар бораи сохтмон ва баҳрабардорӣ аз ниругоҳи барқи обии Қамбатота 1 ва қарордодҳо дар бораи бунёди силсиланиругоҳҳо дар рӯдхонаи Норин мебошанд.
XS
SM
MD
LG