Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Одамрабоӣ гӯшаҳои ороми Афғонистонро ноором мекунад


Қазияи рабудани Алӣ Сино Наврӯзӣ, ки баъдан бо куштори ин сокини 9-солаи шаҳри Ҳирот ба анҷом расид, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳатто дар сурати хатми ошӯбҳо низ Афғонистон ба зудӣ орому осуда нахоҳад шуд.

Мансабдорони амрикоиву афғон аз афзоиши ҳодисаҳои одамрабоӣ нигарон ҳастанд, зеро ин амали ҷиноӣ ба манбаи даромади гурӯҳҳои муташаккилонаи ҷиноӣ табдил ёфтааст.

Алӣ Сино-фарзанди нуҳсолаи соҳибкори ҳиротӣ Насир Аҳмад Наврӯзӣ моҳи декабр дар роҳ ба мактаб бе ному нишон шуд. Гурӯҳи одамрабо барои раҳоии Алӣ Сино аз падараш 400 ҳазор доллар талаб кард. Наврӯзӣ тӯли се ҳафта бо одамрабоён музокирот намуда, маблағи раҳоиро то ҳадде коҳиш дод, вале дар ин байн одамрабоён Алӣ Синоро кушта буданд. Ҷасади ин тифл дар яке аз канораҳои Ҳирот ёфт шуд. Таҳқиқоти Наврӯзӣ ин шубҳаеро ба вуҷуд овард, ки муҳофизи шахсии ин соҳибкор- Абдусамир, дар рабудан ва куштори Алӣ Сино даст дорад.

Шореҳи Радиои Озодӣ дар Ҳирот Шоҳпур Собир дар ин бора мегӯяд: “Ӯро ҳамон касе рабудааст, ки муҳофизи падари Алӣ Сино будааст. Ӯ (Абдусамир) Алӣ Синоро аз маркази шаҳр гирифта, ба дӯстони худ интиқол медиҳад, ки онҳо дар берун аз шаҳр мунтазири ӯ буданд. Баъд аз ин худи муҳофиз ба шаҳр бармегардад ва тавре рафтор мекунад, ки аз чизе хабар надорад. Вале масъулони амниятӣ ва муфаттишон аз ӯ шак мекунанд. Вақте ӯро боздошт ва истинтоқ мекунанд, Абдусамир даст доштан дар ин ҷиноятро эътироф намуда, 11 ва ё 12 нафареро, ки ҳамроҳ бо ӯ будаанд, ошкор мекунад. Ҳоло онҳо дастгир шудаанд.”

Соли гузашта танҳо дар шаҳри Ҳироти Афғонистон тибқи иттилои расмӣ наздик ба 500 нафар бо иттиҳоми одамрабоӣ дастгир шудаанд. Моҳи ноябри гузашта одамрабоён дар муқобили раҳоии писари собиқ мири Ҳирот 200 ҳазор доллар касб карда буданд. Як табиби шинохтаи ҳиротӣ бар ивази 100 ҳазор доллар ба дидору дубораи фарзандаш муваффақ шуд.

Ба қавли коршиносон, ҳодисаҳои одамрабоӣ бо ҳадафи дарёфти пул дар Кобул ва Ҷалолобод ҳам афзоиш ёфтаанд. Одамрабоён, одатан, фарзандону назикони афроди соҳибкор, сиёсатмадор ва бонкдоронро рабуда, баъди гирифтани пул, онҳоро озод мекунанд. Дар сӯҳбат бо рӯзномаи “Вашингтон пост” Абдураззоқ Ниҷробӣ-раиси додгоҳи амниятии Ҳирот, ки бо таҳқиқи ҳодисаҳои одамрабоӣ машғул аст, гуфтааст, ин қабил ҷиноятҳо машруияти давлат ва ҳатто худи давлатро аз байн мебаранд.

Аксари сокинони Ҳирот ҳам аз ин вазъият ба дод омадаанд. Моҳи феврал вақте ҷасади Алӣ Сино ёфт шуд, раҳпаймоиҳои эътирозӣ саросари Ҳиротро фаро гирифтанд. Насир Аҳмад Наврӯзӣ гуфт, ки Алӣ Синро замоне ба хок хоҳад супурд, ки масъулони қатли ӯ эъдом шаванд. Ба қавли сокинони Ҳирот, дар як сӯҳбати телефонӣ президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай шахсан ба Наврӯзӣ қавл дод, ки қотилони писараш ба муҷозоти шадидтарин маҳкум хоҳанд шуд.
Моҳи март Абдусамир ва чор нафари дигар, ки дар рабудану куштани Алӣ Сино нақши муҳим доштаанд, ба эъдом маҳкум шуданд. Дигар аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Бисёриҳо дар Афғонистон бар ин назаранд, ки дар одамрабоиҳо Толибон ҳам даст доранд. Вале ба қавли Шоҳпури Собир эҳтимол дар одамрабоиҳо афсарони ниҳодҳои интизомӣ нақш доранд. Ӯ мегӯяд, Салимшоҳ-қумондони амниятии вулусволии Инҷили Ҳирот бо иттиҳоми даст доштан дар рабудани Алӣ Сино боздошт шуд. Аммо то кунун айбномаи расмии ин қумондони амниятӣ эълон нашудааст.

Хуллас, қазияи куштори Алӣ Сино Наврӯзӣ ва муҷозоти омилини ин ҷиноят мизони одамрабоӣ дар Ҳиротро коҳиш надод. Ҳафтаи гузашта ду духтари наврас рабуда шуданду одамрабоён ба номуси онҳо таҷовуз карданд.
Наврӯзӣ бошад, сарфи назар аз хотироти даҳштанокаш муҳофизони нав кироя кардааст.
XS
SM
MD
LG