Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Русия: Жириновский Кремл нест


Russia -- Liberal Democratic Party faction leader Vladimir Zhirinovsky gestures during a session of the State Duma, Moscow, 13Jul2012
Russia -- Liberal Democratic Party faction leader Vladimir Zhirinovsky gestures during a session of the State Duma, Moscow, 13Jul2012

Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, изҳороти Жириновский бо мавзеъи расмии Маскав умумияте надорад.

Вазорати хориҷаи Русия дар посухи расмиаш ба ёддошти вазорати хориҷаи Тоҷикистон навиштааст, “изҳороти муовини раиси Думаи давлатии Русия, раҳбари ҳизби либерал-демократ В.В.Жириновский дар барномаи телевизионии В.Соловёв “Поединок” дар чорчӯби ток-шоуи телевизион дар шакли эҳсосотии хоси ин сиёсатмадор баён шуда буд. Ин баёнияҳо бо мавқеъи расмии Русия, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муттаҳид ва шарики стротегиаш мешиносад ва ба рушди минбаъди ҳамкории дуҷониба дар тамоми соҳот талош меварзад, умумияте надорад.” Посухи расмии Маскав дар сомонаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон нашр шудааст.

Владимир Жириновский рӯзи 19 апрел дар барномаи “Поединок”, ки ба мавзӯъи муҳоҷират ихтисос дошт, аз ҷумла гуфт, ки “Толибон кадом рӯз Тоҷикистонро зери по карда, Эмомалӣ Раҳмонро мисли Наҷибуллоҳ дар маркази Душанбе ба дор хоҳанд кашид.” Жириновский дар ин барнома ҳамчунин зарурати ҷалби муҳоҷирони кории тоҷик ба Русияро зери суол бурд.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 23 апрел сафири Русия дар Душанбе Юрий Поповро даъват карда, ба ӯ дар робита ба ин изҳороти Жириновский ёддошт супурд. Рӯзе баъд парлумони Тоҷикистон низ сӯҳбатҳои раиси ҳизби либерал-демократи Русияро маҳкум кард ва Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати хориҷа низ дар ҳамин рӯзи 20 апрел дар як брифинг барои хабарнигорон изҳоротеро пахш кард, ки дар он бо ишора ба ҳамон барномаи “Поединок” ва барномаи вижаи “Спетсиалний корреспондент”, ки низ шабакаи давлатии РТР шоми 23 апрел дар бораи қазияи қаторҳои Тоҷикистон нашр кард, матбуоти Русия ба роҳандозии маъракаи иттилоотӣ алайҳи Душанбе айбдор мешуд: « Чунин ба назар мерасад, ки маъракаи густардаи иттилоотӣ алайҳи Тоҷикистон эълоншуда ҳадафҳои сиёсии дигар дорад.»


Онишенко ҳангоми тафтиши қатори Душанбе-Маскав
Онишенко ҳангоми тафтиши қатори Душанбе-Маскав
Танишҳои лафзӣ байни Душанбеву Маскав аз 14 апрел, ки муовини сарвазири Русия Дмитрий Рогозин ва сардухтури беҳдоштии он кишвар Геннадий Онишенко ба таври ногаҳонӣ як қатори Душанбе-Маскавро дар истгоҳи Оқсаройи вилояти Астрахан тафтиш карданд, оғоз ёфта, то ҳанӯз фурӯкаш накардааст. Ба дунболи он тафтиш Рогозин ибтидо таҳдид ба қатъи ҳаракати қаторҳои Тоҷикистон кард, вале дар ниҳоят идораи Онишенко бо маҳрум кардани 5 вагон, аз ҷумла вагон-ресторани он қатор ба далели вазъи “ғайрисанитарӣ” аз ҳаққи вуруд ба Русия қаноат варзид.

Баъдан матбуоти Русия навишт, ки қаторҳои Тоҷикистонро шояд танҳо то Қазоқистон иҷозати ҳаракат диҳанд ва интиқоли мусофирон то Русияро қаторҳои худи ин кишвар анҷом диҳанд. Мақомоти ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон инро як навъ талоши аз ин бозор берун кардани қаторҳои Тоҷикистон унвон кард.
XS
SM
MD
LG