Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯхтани муассисаи тиббӣ манъ аст, аммо дар Восеъ...


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пизишкони Дармонгоҳи рақами 3-и ноҳияи Восеъ танҳо дар ин авохир хабардор шуданд, ки коргоҳи онҳо ба як сокини ноҳия тааллуқ дорад. Ин хабар онҳоро водор кард, ки ба Додгоҳи иқтисодӣ муроҷиат кунанд.

Ин бинои дуошёна дар ҷамоати ба номи Рӯдакии ноҳияи Восеъ, дар минтақае қарор дорад, ки дар он қисми бештари беморони сил ба сар мебаранд, аммо соли гузашта ҳукумати маҳаллӣ онро ба як сокини ноҳия фурӯхтааст.

Сайфулло Розиқов, сардухтури ин Маркази саломатӣ мегӯяд, бар асоси қонунҳои мавҷуда, фурӯхтани муассисаи тиббӣ манъ аст ва онҳо дар ҳоле аз фурӯхта шудани коргоҳашон огоҳ шуданд, ки харидор даъвои гирифтани моликияташро кард: «Мо то ҳол аз Маркази саломатӣ берун нашудаем. Ба суди иқтисодии вилоят муроҷиат кардем ва бовар дорем, ки мо ҳақ мебароем. Мардум ҳам зид ҳастанд, ки ҷое, ки онҳо табобат мегиранд, фурӯхта шавад. Ин ҷо 21 нафар ҷои кор дорад ва нон мехӯрад. Намедонам, ки чӣ тавр ин биноро фурӯхтаанд. »

Ин бино дар соли гузашта бар асоси музоядаи эълоннамудаи Кумитаи амволи минтақа ва бо ризоияти ҷамоате, ки бино дар ҳудуди он ҷойгир аст, фурӯхта шудааст. Неъматулло Ибодов, раиси ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ, собиқ Мичурин мегӯяд, ӯ тоза ба вазифаи раисии ҷамоат таъин шудааст ва аз қонунӣ ё ғайриқонунӣ фурӯхта шудани бино огаҳӣ надорад.

Аммо раиси ҷамоат мегӯяд, ин бино кӯҳнатар аст ва бояд дар ҷои дигар як бинои нави беморхона сохта шавад: «Лекин ин кор пеш аз раисии ман шудааст. Ҳозир касе коркунони духтурро аз ҷои корашон пеш накардааст. Ҳатто одами харидагӣ ин биноро аз ҳисоби худ таъмир кардааст. Ман тарафдори онам, ки ин баҳс дар доираи қоунун ҳали худро биёбад.»

Садриддин Неъматов, сардухтури Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ мегӯяд, дармонгоҳи мазкур барои аҳолии ҷамоат хеле муҳим аст ва бовар дорад, ки додгоҳи иқтисодӣ баҳсро ба манфиати пизишкону сокинон анҷом медиҳад: «Мо аз ин огоҳ набудем. Ҳамчун сардухтур бояд ҳуҷҷатеро ман имзо мекардам, ки накардаам. Намедонам, дар асоси чӣ фурӯхта шудааст. Мо ҳозир фурӯхта шудани инро ба роҳбарият расонидем.»

Ҳукумати ноҳияи Восеъ низ аз фурӯхта шудани ин бинои Маркази саломатӣ огаҳӣ надоранд. Дар ҳукумати ноҳияи Восеъ ба мо гуфтанд, ки ин биноро Кумитаи амволи минтақаи Кӯлоб бе ризояти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ фурӯхтааст ва ҳатто онҳо то чанд моҳ аз ин кор хабар надоштанд.

Аммо Ҳафиз Абдулҳамидов, сокини ин ҷамоат, ки биноро ба беш аз 60 ҳазор сомонӣ харидорӣ кардааст, мегӯяд, тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро дар даст дорад ва ӯ ғайриқонунӣ амал накардааст. Ӯ мегӯяд, ин биноро моҳи майи соли гузашта харидааст ва имзои тамоми масъулони ноҳия дар ҳуҷҷатҳо мавҷуд аст:

«Ин бино дар ягон ҳуҷҷат ҳамчун Маркази саломатӣ сабт нашудааст. Ман инро ҳамчун хонаи истиқоматӣ харидаам. Ҳайронам, ки чаро онҳое, ки ин биноро ба ман фурӯхтаанд, ҳоло худро ақиб мекашанд. Ман ин биноро аз пули худ боз таъмир кардам. Ба ман гуфтанд, ки ба он хотир инро мефурӯшанд, ки пизишконро аз ин хонаи истиқоматӣ ба бинои дигар мекӯчонанд. Ҳоло бошад кор ранги дигар гирифтааст. »

Баҳси фурӯхта шудани ин бино дар ҳоле авҷ мегирад, ки дар ҷамоати Рӯдакии ноҳияи Восеъ дар қиёс ба дигар ҷамоатҳо шумори зиёдтари беморони сил зиндагӣ мекунанд, ки ба табобат ва назорати ҳамаҷонибаи тиббӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG