Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши Қирғизистону Тоҷикистон дар марзи муштарак


Хадамоти марзбонии Қирғизистону Тоҷикистон ба мувофиқат расидаанд, ки бар зидди афроди мулкӣ аз аслиҳа кор нагиранд. Рӯзи чоршанбе дар ин бора раиси хадамоти марзбони Қирғизистон Тоқон Мамутов иттилоъ додааст. Ба қавли номбурда ахиран дар марзҳои Қирғизистон бо Узбакистону Тоҷикистон ягон ҳодисаи нохуш рӯй надодааст.

Мамутов мегӯяд, соли равон як дафъа дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба тарафи мардуми мулкӣ оташ кушода буданд. Раҳбари марзбонони қирғиз меафзояд, баъди ин ҳодиса ӯ бо раҳбари хадамоти марзбони Тоҷикистон вохӯрда, созише имзо кардааст, ки бар пояи он марзбонони тоҷику қирғиз бар зидди афроди мулкие, ки рӯзона хатти марзро вайрон мекунанд, аз силоҳ кор нахоҳанд гирифт.
XS
SM
MD
LG