Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами миллӣ пас аз як шабонарӯз барафрошта шуд


Нозирони Маҷмаи "Кохи Миллат" шаби чаҳоршанбе ба панҷшанбе, Парчами миллиро пас аз баркандани тундбод, дубора насб карданд.

Яке аз нозирони Маҷмаи кохии миллӣ, ки худро Саломиддин Раҳматов муаррафӣ кард, рӯзи 25-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки як парчами навро шаби панҷшанбе мутахассисон омада насб карданд.

Вай гуфт, матои Парчами миллӣ бинобар таъсири шамолу барфбориҳо ва нурҳои офтоб хароб ва ҳар се моҳ пас иваз карда мешавад. Ба қавли ӯ, матои Парчами миллӣ дар Чин омода шуда ба Душанбе оварда мешавад.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, шамоле, ки шоми сешанбе вазид, парчамро барканд ва тақрибан 30 метар дуртар аз сутуни он ёфт шуд. Субҳи субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 24-уми апрел дар соати 10:00, сутуни 165 метраи бидуни Парчами миллӣ буд.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзҳои 22-23 апрел пойтахти Тоҷикистон шоҳиди вазиши бодҳои тунд буд ва тибқи иттилои Идораи обуҳавосанҷии Тоҷикистон, шоми 23-юми апрел суръати вазиши бод 18-23 метр дар сония будааст.

Бар асари ин шамол дар бархе маҳаллҳо дарахтон шикаста ва рафтуомади нақлиёт ва сокинонро ба мушкил рӯбарӯ кард. Ҳамчунин шамоли тунд бархе аз лавҳа ва антеннаҳои болои хонаҳои баландошёнаро ба зер афкандааст.

Парчами миллии Тоҷикистон бо 165 метр мила, ки баландтарин дар дунё шинохта шудааст, расман рӯзи 9-уми сентябри соли 2011, дар ҷараёни ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон барафрохта шуд.

Сохтмони ин миларо ширкати “Trident Support” ва маблағгузориашро "Талко" ба ӯҳда доштанд. Барои бунёди он 30 миллион доллар харҷ шудааст.
XS
SM
MD
LG