Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни зилзилаи Чин бештар шуд


Зилзилаи қавии 6,6 дараҷаӣ рӯзи шанбе, манотиқи ҷанубуғарбии Чинро ларзонд. Ба гузориши хабаргузории расмии Синхуа, дар заминларза дар вилоти Сичуан 124 нафар ҳалок шудаанд, вале мумкин аст, теъдоди қурбониён аз ин ҳам бештар бошад. Заминларза хонаҳову роҳҳо ва шабакаҳои интиқоли нерӯи барқро хароб кард. Зилзила дар вилоятҳои ҳамсоя ва дар шаҳри Ченгду маркази вилояти Сичуан ҳам эҳсос шудааст ва мардуми зиёде аз тарс аз хонаҳояшон гурехтаанд. Расонаҳои давлатии Чин мегӯянд, ки 6 ҳазор сарбоз барои кӯмак дар амалиёти наҷот ба маҳалли заминларза сафарбар шудаанд. Лӣ Кекианг, нахуствазири Чин ҳам ба маҳалли ҳодиса рафтааст. Соли 2008 зилзилаи 8 дараҷаӣ дар Сичуан тақрибан 90 ҳазор нафарро кушт.
XS
SM
MD
LG