Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муроҷиати вазорат дар робита ба ду кӯдаки гумшуда


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълон кард, ҳар касе ки ду кӯдаки гумшуда дар Душанберо рабурда бошад ва онҳоро баргардонад, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нахоҳад шуд. Вазорат бо нашри эълоне дар торнамои худ гуфтааст, шахсе, ки Сабина Аралова ва Малика Араловаро “аз нофаҳмӣ, аз рӯи хусумат ва ё кадом эҳсоси дигар рабудааст ё пинҳон кардааст, агар ихтиёран онҳоро ҷавоб диҳад, ё ба соҳибонашон ё ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргардонад" ба додгоҳ кашида нахоҳад шуд. Сабинаи панҷсола ва Маликаи чаҳорунимсола рӯзи 25-уми март аз назди хонаашон дар шаҳри Душанбе ғайб заданд ва ҷустуҷӯи онҳо то кунун натиҷае надодааст. Гум шудани кудакони хурдсол, ки ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод. Рӯзи ҷумъа вазири умури дохилӣ волидони ғамзадаи ҳарду тифлро пазируфта ва ваъда додааст, ки барои пайдо кардани нишони кӯдакон ҳама корро хоҳанд кард. Вазорат аз ҷумла барои хабари арзишманде, ки барои пайдо кардани кӯдакон кӯмак кунад, подоши молӣ ваъда кардааст.
XS
SM
MD
LG