Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи мушакӣ ба як раҳпаймоӣ дар Покистон


Ҳамлаи мушакӣ дар наздикии як раҳпаймоии интихоботӣ дар Вазиристони ҷанубии Покистон дастикам 1 кушта ва 14 захмӣ ба ҷо гузошт. Ин ҳамла рӯзи ҷумъа дар Вано - як пойгоҳи қавии гурӯҳҳои ҷангӣ – рух дод. Шоҳидон мегӯянд, 5 мушак партоб шуд ва дуяш дар наздикии маҳалли гирдиҳамоии номзади мустақил Носируллоҳ Вазир таркид. Ҳамлаҳои хунин алайҳи аҳзоб ва сиёсатмадорони Покистон дар пешорӯи интихоботи 11 май афзуда, рӯзи сешанбе дар як ҳамлаи интиҳорӣ ба гирдиҳамоии пешазинтихоботӣ дар вилояти Хайбар-Пахтунхва дастикам 17 тан ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG